۞ وَإِذِ ٱبۡتَلَىٰٓ إِبۡرَٰهِـۧمَ رَبُّهُۥ بِكَلِمَٰتࣲ فَأَتَمَّهُنَّۖ قَالَ إِنِّي جَاعِلُكَ لِلنَّاسِ إِمَامࣰاۖ قَالَ وَمِن ذُرِّيَّتِيۖ قَالَ لَا يَنَالُ عَهۡدِي ٱلظَّٰلِمِينَ ١٢٤
Al-Baqarah 2:124
سورة البقرة
Medinan
Verse: 124/286
Page 19
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Ва [эй паёмбар, ёд кун аз] ҳангоме ки Аллоҳ таоло Иброҳимро бо суханон [-и фарогир бар аҳкому таколифи шаръӣ] озмуд ва ӯ ҳамаро ба хубӣ ба анҷом расонд. [Аллоҳ таоло ба вай] Фармуд: "Ман туро пешвои мардум қарор медиҳам". [Иброҳим] гуфт: "[Парвардигоро] Аз фарзандонам [низ пешвоёне қарор бидеҳ, то мардум ба онон иқтидо кунанд]". [Аллоҳ таоло] Фармуд: "Аҳду паймони Ман [бо ту дар мавриди пешвои дин] ба ситамгорон намерасад" -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
124. Эй Паёмбар, ба ёд ор вақтеро, ки Парвардигори Иброҳим ӯро ба чанд калимае (1) биёзмуд ва Иброҳим ҳамаи он корҳоро пурра ба анҷом расонид. Аллоҳ ба ӯ гуфт: «Ман туро пешвои мардум мегардонам». Иброҳим гуфт: «Ва аз фарзандони ман низ пешвоён пайдо кун!» Аллоҳ фармуд: «Пешвоӣ дар дин ба ситамкорон намерасад».
1. Яъне аз амру наҳйҳо. Тафсири ибни Касир 1\405 -
Tajik - Tajik translation
Ва Парвардигори Иброҳим ӯро ба коре чанд биёзмуд ва Иброҳим он корҳоро ба тамомӣ ба анҷом расонид. Худо гуфт: «Ман туро пешвои мардум гардонидам». Гуфт: «Фарзандонамро ҳам?» Гуфт: «Паймони ман ситамкоронро дар бар нагирад».
Al-Baqarah 2:124
Loading the recitation…
0:00