رَبَّنَا وَٱبۡعَثۡ فِيهِمۡ رَسُولࣰا مِّنۡهُمۡ يَتۡلُواْ عَلَيۡهِمۡ ءَايَٰتِكَ وَيُعَلِّمُهُمُ ٱلۡكِتَٰبَ وَٱلۡحِكۡمَةَ وَيُزَكِّيهِمۡۖ إِنَّكَ أَنتَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ ١٢٩
Al-Baqarah 2:129
سورة البقرة
Medinan
Verse: 129/286
Page 20
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Парвардигоро, дар миёни онон [мардуми Макка] паёмбаре аз худашон [аз насли Исмоил] барангез, то оёти Туро бар онон бихонад ва ба эшон китобу ҳикмате биёмӯзаду [аз ширку нодонӣ] покиза гардонад. Ҳамоно ки Ту пирӯзманду ҳакимӣ -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
129. Эй Парвардигори мо, дар ин уммат (аз зурриёти Исмоил)(1) паёмбаре бар онҳо бифирист, то оёти туро бар онҳо бихонад ва ба онҳо китобу ҳикмат биёмӯзонад ва онҳоро аз ширку бадахлоқӣ покиза созад ва Ту азизӣ, чизе монеъи Ту шуда наметавонад ва ҳаким ҳастӣ, ҳама чизро дар мавзеъи худаш мегузорӣ!
1. Тафсири Бағавӣ 1/151 -
Tajik - Tajik translation
Эй Парвардигори мо, аз миёнашон паёмбаре бар онҳо бифирист, то оёти туро бар онҳо бихонад ва ба онҳо китобу ҳикмат биёмӯзад ва онҳоро покиза созад ва ту пирӯзманду ҳаким ҳастӣ!
Al-Baqarah 2:129
Loading the recitation…
0:00