رَبَّنَا وَٱجۡعَلۡنَا مُسۡلِمَيۡنِ لَكَ وَمِن ذُرِّيَّتِنَآ أُمَّةࣰ مُّسۡلِمَةࣰ لَّكَ وَأَرِنَا مَنَاسِكَنَا وَتُبۡ عَلَيۡنَآۖ إِنَّكَ أَنتَ ٱلتَّوَّابُ ٱلرَّحِيمُ ١٢٨
Al-Baqarah 2:128
سورة البقرة
Medinan
Verse: 128/286
Page 20
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Парвардигоро, моро [таслим ва] фармонбардори худ қарор бидеҳ ва аз фарзандонамон [низ] уммате фармонбардори худ [падид овар] ва одоби ибодатамонро ба мо нишон бидеҳ ва тавбаи моро бипазир. Ҳаққо, ки Ту тавбапазиру меҳрубонӣ -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
128. Эй Парвардигори мо, моро устувор бар ислом ва фармонбардори аҳкоми хеш соз ва низ фарзандони моро фармонбардори хеш гардон ва тарзи ибодатҳои моро ба мо нишон бидеҳ ва тавбаи мо бипазир, ки Ту тавбапазиранда ва меҳрубон ҳастӣ! -
Tajik - Tajik translation
Эй Парвардигори мо, моро фармонбардори хеш соз ва низ фарзандони моро фармонбардори хеш гардон ва тариқаи ҳаҷамонро ба мо биёмуз ва тавбаи мо бипазир, ки ту тавбапазиранда ва меҳрубон ҳастӣ!
Al-Baqarah 2:128
Loading the recitation…
0:00