وَلِكُلࣲّ وِجۡهَةٌ هُوَ مُوَلِّيهَاۖ فَٱسۡتَبِقُواْ ٱلۡخَيۡرَٰتِۚ أَيۡنَ مَا تَكُونُواْ يَأۡتِ بِكُمُ ٱللَّهُ جَمِيعًاۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءࣲ قَدِيرࣱ ١٤٨
Al-Baqarah 2:148
سورة البقرة
Medinan
Verse: 148/286
Page 23
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Ҳар яке [аз умматҳо] ҷиҳате доранд, ки [ҳангоми намоз] бад-он рӯ мекунанд, пас, [шумо эй муъминон] дар некиҳо [бар якдигар] сабқат бигиред. Ҳар ҷо ки бошед, Аллоҳ таоло [дар рӯзи қиёмат] ҳамаи шуморо ҳозир мекунад. Ҳамоно Аллоҳ таоло бар ҳар чизе тавоност -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
148. Ҳар касеро қиблае аст, ки ба он рӯй меоварад дар намозаш. Пас, эй мӯъминон, дар амалҳои шоистае, ки Аллоҳ барои шумо дар дини ислом фармудааст, пас барои ба ҷо овардани ин хубиҳо бишитобед. Ҳар ҷо ки бошед, Аллоҳ шуморо рӯзи қиёмат ҳозир меоварад, ки Ӯ бар ҳар коре тавоност! -
Tajik - Tajik translation
Ҳар касеро ҷонибест, ки ба он рӯй меоварад. Пас дар некӣ кардан бар якдигар пешӣ гиред. Ҳар ҷо, ки бошед, Худо шуморо ҳозир меоварад, ки Ӯ бар ҳар коре тавоност!
Al-Baqarah 2:148
Loading the recitation…
0:00