وَلَنَبۡلُوَنَّكُم بِشَيۡءࣲ مِّنَ ٱلۡخَوۡفِ وَٱلۡجُوعِ وَنَقۡصࣲ مِّنَ ٱلۡأَمۡوَٰلِ وَٱلۡأَنفُسِ وَٱلثَّمَرَٰتِۗ وَبَشِّرِ ٱلصَّٰبِرِينَ ١٥٥
Al-Baqarah 2:155
سورة البقرة
Medinan
Verse: 155/286
Page 24
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Ва ҳатман шуморо бо чизе аз [қабили] тарсу гуруснагӣ [қаҳтӣ] ва зиёни молӣ [нобудӣ ё душвории касби он] ва ҷонӣ [маргу мир ё шаҳодат] ва зиёни маҳсулот [-и кишоварзӣ] меозмоем ва [эй паёмбар] сабркунандагонро [ба он чи дар дунё ва охират барояшон фароҳам меояд] башорат бидеҳ -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
155. Албатта, шуморо ба андаке тарс ва гуруснагӣ ва нуқсони молҳо ки ба душворӣ ба даст оварда мешавад, ё аз даст меравад ва ҷонҳо; ба фаро расидани марг, ё қатл ва кам шудани меваҳо меозмоем. Ва, эй Паёмбар, сабркунандагонро хабари хуш деҳ, ки ба сабаби сабрашон дар дунёву охират шоду хуррам мегарданд.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 1/169 -
Tajik - Tajik translation
Албатта, шуморо ба андаке тарс ва гуруснагиву бенавоӣ ва бемориву нуқсон дар зироот меозмоем. Ва сабркунандагонро хушхабар деҳ.
Al-Baqarah 2:155
Loading the recitation…
0:00