Al-Baqarah 2:208

سورة البقرة

Medinan Verse: 208/286 Page 32

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱدۡخُلُواْ فِي ٱلسِّلۡمِ كَآفَّةࣰ وَلَا تَتَّبِعُواْ خُطُوَٰتِ ٱلشَّيۡطَٰنِۚ إِنَّهُۥ لَكُمۡ عَدُوࣱّ مُّبِينࣱ ٢٠٨

  1. Arifi

    الترجمة الطاجيكية - عارفي

    Эй касоне, ки имон овардаед, ҳамагӣ ба ислом [ва итоати Аллоҳ таоло] дароед ва аз [роҳҳову] гомҳои шайтон пайравӣ накунед. Ба ростӣ, ки ӯ душмани ошкори шумост
  2. Тоҷикӣ translation

    الترجمة الطاجيكية

    208.   Эй касоне, ки имон овардаед, ба Аллоҳ, ки Парвардигори шумост ва ба Муҳаммад,
    ки паёмбари шумост ва ба ислом, ки дини шумост ҳамагон ба ислом дароед ва ба ҷамиъи аҳкоми Ӯ амал кунед ва чизеро аз он тарк макунед ва роҳҳоеро, ки дар он шайтон шуморо ба маъсият даъват менамояд, пайравӣ накунед, зеро ки ӯ душмани ошкори шумост, пас аз ӯ ҳазар кунед! (1)
    1. Тафсири Бағавӣ 1/240 ва Тафсири ибни Касир 1/566
  3. Tajik - Tajik translation


    Эй касоне, ки имон овардаед, ҳамагон ба итоъат дароед ва пой ба ҷои пои шайтон магузоред, ки ӯ душмани ошкори шумост.

Read the whole surah Arabic tafsir