لِّلَّهِ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِۗ وَإِن تُبۡدُواْ مَا فِيٓ أَنفُسِكُمۡ أَوۡ تُخۡفُوهُ يُحَاسِبۡكُم بِهِ ٱللَّهُۖ فَيَغۡفِرُ لِمَن يَشَآءُ وَيُعَذِّبُ مَن يَشَآءُۗ وَٱللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءࣲ قَدِيرٌ ٢٨٤
Al-Baqarah 2:284
سورة البقرة
Medinan
Verse: 284/286
Page 49
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Аллоҳ таоло аст. Агар он чиро дар дили худ доред, ошкор кунед ё пинҳонаш намоед, Аллоҳ таоло шуморо бар [асоси] он муҳосиба [бозпурсӣ] мекунад; пас, [бар асоси бахшиш ва раҳмати хеш] ҳар киро бихоҳад, мебахшад ва [аз рӯйи адолат ва ҳикматаш низ] ҳар киро бихоҳад, азоб мекунад; ва Аллоҳ таоло бар [анҷоми] ҳар коре тавоност -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
284. Он чи дар осмонҳо ва замин аст аз они Аллоҳ аст. Ва агар он чиро дар дил доред, ошкор кунед ё онро пинҳон намоед, Аллоҳ шуморо бар он ҳисоб мекунад. Пас ҳар касро, ки бихоҳад, меомӯрзад ва ҳар касро, ки бихоҳад азоб медиҳад ва Аллоҳ бар ҳар чизе тавоност. (1)
1. Аллоҳ бо фазлу раҳмати худ бандагонашро икром намудааст ва он чи дар дилҳо нигоҳ медоранд, то онро анҷом надиҳанд ё ба забон наёваранд, ба ҳисоб намегирад. -
Tajik - Tajik translation
Аз они Худост, ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст. Он чиро, ки дар дил доред, хоҳ, ошкораш созед ё пушидааш доред, Худо шуморо ба он бозхост хоҳад кард. Пас ҳар киро, ки бихоҳад, меомурзад ва ҳар киро бихоҳад, азоб мекунад. Ва Худо бар ҳар коре тавоност!
Al-Baqarah 2:284
Loading the recitation…
0:00