وَإِذۡ وَٰعَدۡنَا مُوسَىٰٓ أَرۡبَعِينَ لَيۡلَةࣰ ثُمَّ ٱتَّخَذۡتُمُ ٱلۡعِجۡلَ مِنۢ بَعۡدِهِۦ وَأَنتُمۡ ظَٰلِمُونَ ٥١
Al-Baqarah 2:51
سورة البقرة
Medinan
Verse: 51/286
Page 8
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Ва [ба ёд оваред] ҳангомеро ки [барои нузули Таврот] чиҳил шаб бо Мӯсо ваъда гузоридем, он гоҳ шумо баъд аз ӯ гӯсоларо [ба парастиш] гирифтед, дар ҳоле ки [нисбат ба хештан] ситамгор будед -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
51. Ва неъматамонро, ки ба шумо арзонӣ намудем, ба ёд оваред, вақте ки Мо ваъда намудем ба Мӯсо чиҳил шаб барои фурӯд омадани Таврот, ки дар он ҳидоят ва нур аст барои шумо. Ва шумо дар муддати набудани Мӯсо фурсатеро ғанимат дониста, гӯсолаеро, ки бо дастони худ сохта будед, парастиш кардед ва ҳол он ки ситамгар будед. -
Tajik - Tajik translation
Ва он ҳангомро, ки чиҳил шаб бо Мӯсо ваъда ниҳодем ва шумо, ки ситамкорон будед, баъд аз ӯ гӯсоларо парастидед.
Al-Baqarah 2:51
Loading the recitation…
0:00