وَقَالُواْ قُلُوبُنَا غُلۡفُۢۚ بَل لَّعَنَهُمُ ٱللَّهُ بِكُفۡرِهِمۡ فَقَلِيلࣰا مَّا يُؤۡمِنُونَ ٨٨
Al-Baqarah 2:88
سورة البقرة
Medinan
Verse: 88/286
Page 13
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Ва [яҳудиён барои пайравӣ накардан аз Муҳаммад (с) аз рӯйи тамасхур] гуфтанд: "Дилҳои мо пӯшида ва дар ғилоф аст", [чунин нест] балки Аллоҳ таоло онро ба сазои куфрашон лаънат кардааст, пас, [ба ҳамин далел аст, ки] бисёр кам имон меоваранд -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
88. Бани Исроил барои Паёмбари Аллоҳ ва расулаш Муҳаммад (саллалоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд: «Дилҳои мо дар парда аст ва сухани ту ба қалби мо намегузарад». На, амр ин тавр нест, чунон ки иддао карданд, балки дилашон лаънат карда шудааст ва бар он муҳре ниҳода шудааст ва аз раҳмати Аллоҳ, ба сабаби куфре, ки меварзанд, берун шуданд. Пас каме аз онҳо имон меоваранд ва ҳол он ки имонашон ба онҳо нафъ намерасонад. -
Tajik - Tajik translation
Гуфтанд: «Дилҳои мо дар парда аст». На, Худо ононро ба сабаби куфре, ки меварзанд, нафрин кардааст ва чӣ андак имон меоваранд!
Al-Baqarah 2:88
Loading the recitation…
0:00