لَا يُقَٰتِلُونَكُمۡ جَمِيعًا إِلَّا فِي قُرࣰى مُّحَصَّنَةٍ أَوۡ مِن وَرَآءِ جُدُرِۭۚ بَأۡسُهُم بَيۡنَهُمۡ شَدِيدࣱۚ تَحۡسَبُهُمۡ جَمِيعࣰا وَقُلُوبُهُمۡ شَتَّىٰۚ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمۡ قَوۡمࣱ لَّا يَعۡقِلُونَ ١٤
Al-Hashr 59:14
سورة الحشر
Medinan
Verse: 14/24
Page 547
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Онҳо [яҳудиён] ҳаргиз дастаҷамъӣ бо шумо намеҷанганд, магар дар рустоҳо [ва дижҳо]-и муҳкам ё аз пушти деворҳо. Ҷангашон дар миёни худашон сахт аст. Ту онҳоро муттаҳид мепиндорӣ, дар холе ки дилҳояшон пароканда аст, зеро онҳо қавме ҳастанд, ки намеандешанд -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
14. Яҳудиён ҳамагӣ бо шумо ҷанг намекунанд, магар дар деҳаҳое, ки қалъа дошта бошад ё аз паси девор.
Онҳо сахт бо якдигар душмананд, ту онҳоро муттаҳид мепиндорӣ ва ҳол он ки дилҳояшон аз ҳам ҷудо аст. Ин ба он сабаб аст, ки ҳароина, онҳо мардуми бехираданд ва дар оёти Аллоҳ намеандешанд. -
Tajik - Tajik translation
Онон ҳамагӣ бо шумо ҷанг намекунанд, магар дар деҳаҳое, ки қалъа дошта бошад ё аз паси девор. Онҳо сахт бо якдигар душмананд, ту якдил мепиндорияшон ва ҳол он ки дилҳошон аз ҳам ҷудост, ки мардуме бехираданд.
Al-Hashr 59:14
Loading the recitation…
0:00