أَمۡ حَسِبَ ٱلَّذِينَ ٱجۡتَرَحُواْ ٱلسَّيِّـَٔاتِ أَن نَّجۡعَلَهُمۡ كَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ سَوَآءࣰ مَّحۡيَاهُمۡ وَمَمَاتُهُمۡۚ سَآءَ مَا يَحۡكُمُونَ ٢١
Al-Jathiya 45:21
سورة الجاثية
Meccan
Verse: 21/37
Page 500
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Оё касоне, ки муртакиби корҳои ношоиста шуданд, пиндоштаанд, ки ҳамтирози муъминони некукор қарорашон медиҳем, ба гунае ки зиндагӣ ва маргашон [бо онон] яксон бошад? Чи бад доварӣ мекунанд! -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
21. Оё онон, ки муртакиби бадиҳо шуданд, паёмбаронро дурӯғ бароварданд ва амри Парвардигорашонро мухолифат карданд ва ғайри Ӯро парастиш карданд, гумон карданд, ки Мо онҳоро дар шумори касоне, ки имон ба Аллоҳ овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, қарор медиҳем?
Ва оё зиндагиву маргашон баробар аст? Ҳаргиз баробар нестанд! Чӣ бад доварӣ мекунанд миёни некӯкорон ва бадкорон дар охират.(1)
1. Тафсири Табарӣ 22 \ 72 -
Tajik - Tajik translation
Оё окон, ки кунандаи бадиҳо мешаванд, мепиндоранд, ки дар шумори касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, қарорашон медиҳем? Ва оё зиндагиву маргашон яксон аст? Чӣ бад доварӣ мекунанд.
Al-Jathiya 45:21
Loading the recitation…
0:00