Al-Jathiya 45:34

سورة الجاثية

Meccan Verse: 34/37 Page 502

وَقِيلَ ٱلۡيَوۡمَ نَنسَىٰكُمۡ كَمَا نَسِيتُمۡ لِقَآءَ يَوۡمِكُمۡ هَٰذَا وَمَأۡوَىٰكُمُ ٱلنَّارُ وَمَا لَكُم مِّن نَّٰصِرِينَ ٣٤

  1. Arifi

    الترجمة الطاجيكية - عارفي

    [Ба онон] гуфта мешавад: «Имрӯз [дар азоби дузах] раҳоятон мекунем, чунонки шумо [низ дар дунё нисбат] ба дидори имрӯз беэътино будед ва ҷойгоҳатон оташ аст ва ҳеҷ ёваре нахоҳед дошт
  2. Тоҷикӣ translation

    الترجمة الطاجيكية

    34.      Аз сӯйи Аллоҳ ба кофирон гуфта шавад:
    « Имрӯз фаромӯшатон мекунем ва дар азоб фурӯ мегузорем, ҳамчунон ки шумо дидори чунин рӯзатонро, бо тарки имон ва амал фаромӯш карда будед. Ҷойгоҳатон дар оташ аст ва шуморо ҳеҷ ёваре нест, ки аз азоби Аллоҳ шуморо наҷот диҳад.(1)
    1. Тафсири Саъдӣ 1\778
  3. Tajik - Tajik translation


    Ба онҳо гуфта шавад: «Имрӯз фаромушатон мекунем, ҳамчунон, ки шумо дидори чунин рӯзатонро фаромӯш карда будед. Ҷойгоҳатон дар оташ аст ва шуморо ҳеҷ ёваре нест.

Read the whole surah Arabic tafsir