وَقَفَّيۡنَا عَلَىٰٓ ءَاثَٰرِهِم بِعِيسَى ٱبۡنِ مَرۡيَمَ مُصَدِّقࣰا لِّمَا بَيۡنَ يَدَيۡهِ مِنَ ٱلتَّوۡرَىٰةِۖ وَءَاتَيۡنَٰهُ ٱلۡإِنجِيلَ فِيهِ هُدࣰى وَنُورࣱ وَمُصَدِّقࣰا لِّمَا بَيۡنَ يَدَيۡهِ مِنَ ٱلتَّوۡرَىٰةِ وَهُدࣰى وَمَوۡعِظَةࣰ لِّلۡمُتَّقِينَ ٤٦
Al-Ma'idah 5:46
سورة المائدة
Medinan
Verse: 46/120
Page 116
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Ва ба дунболи онон [паёмбарони Бани Исроил] Исо писари Марямро фиристодем, ки тасдиқкунандаи Таврот буд, ки пеш аз ӯ фиристода будем ва Инҷилро, ки дар он ҳидоят ва нур буд, ба ӯ додем, ки тасдиқкунандаи Тавроти пеш аз вай буд ва ҳидояту андарзе буд барои парҳезкорон -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
46. Ва аз паи онҳо Исо писари Марямро фиристодем, ки тасдиқкунандаи Тавроте буд,
ки пеш аз ӯ фиристода будем ва Инҷилро, ба ӯ додем, ки дар он ҳидоятест, ки ба роҳи ҳақ даъват менамояд ва нурест, ки ҳақро аз ботил ҷудо мегардонад ва тасдиқкунандаи Тавротест, ки пеш аз он нозил карда шудааст ва бар сиҳатии он гувоҳӣ медиҳад ва бо он мувофиқ аст ва барои парҳезгорон, ҳидоят ва пандест.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\233 ва Тафсири Ибни Касир 3 \ 126 -
Tajik - Tajik translation
Ва аз паи онҳо Исо — писари Марямро фиристодем, ки тасдиқкунандаи Тавроте буд, ки пеш аз ӯ фиристода будем ва Инҷилро, ки тасдиқкунандаи Таврот пеш аз ӯ буд, ба ӯ додем, ки дар он ҳидоят ва рӯшноие бувад ва барои парҳезгорон ҳидоят ва панде.
Al-Ma'idah 5:46
Loading the recitation…
0:00