ٱلۡيَوۡمَ أُحِلَّ لَكُمُ ٱلطَّيِّبَٰتُۖ وَطَعَامُ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ حِلࣱّ لَّكُمۡ وَطَعَامُكُمۡ حِلࣱّ لَّهُمۡۖ وَٱلۡمُحۡصَنَٰتُ مِنَ ٱلۡمُؤۡمِنَٰتِ وَٱلۡمُحۡصَنَٰتُ مِنَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ مِن قَبۡلِكُمۡ إِذَآ ءَاتَيۡتُمُوهُنَّ أُجُورَهُنَّ مُحۡصِنِينَ غَيۡرَ مُسَٰفِحِينَ وَلَا مُتَّخِذِيٓ أَخۡدَانࣲۗ وَمَن يَكۡفُرۡ بِٱلۡإِيمَٰنِ فَقَدۡ حَبِطَ عَمَلُهُۥ وَهُوَ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ مِنَ ٱلۡخَٰسِرِينَ ٥
Al-Ma'idah 5:5
سورة المائدة
Medinan
Verse: 5/120
Page 107
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
[Эй мусулмонон] Имрӯз хӯрокҳои покиза бароятон ҳалол шудааст ва [забоиҳу] ғизои аҳли китоб барои шумо ҳалол аст ва ғизои шумо [низ] барои онон ҳалол аст ва [ҳамчунин издивоҷ бо] занони покдомани мусулмон ва занони покдоман аз [аҳли китоб, яъне] касоне, ки пеш аз шумо ба онон китоб [-и осмонӣ] дода шудааст [ҳалол мебошад], ба шарти он ки маҳрияҳои ононро бипардозед, дар ҳоле ки худ покдоман бошед, на зинокор бошед ва на [занонро] пинҳонӣ ба дӯстӣ бигиред. Ва ҳар ки ба [аркони] имон куфр биварзад, ҳатман, амалаш табоҳ шудааст ва дар охират аз зиёндидагон хоҳад буд -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
5.Имрӯз чизҳои покиза барои шумо ҳалол шудааст. Таъоми (1) аҳли Китоб бар шумо ҳалол аст ва таъоми шумо низ бар онҳо ҳалол аст. Ва низ издивоҷ бо занони порсо ва покдомани мӯъмина ва занони порсо ва покдомани аҳли китоб (яҳуду насоро) ҳар гоҳ маҳрашонро бипардозед, қасдатон аз ин издивоҷ поқдоманӣ бошад, на ба қасди зинокорӣ ва на пинҳонӣ дӯст гирифтан, бар шумо ҳалоланд. Ва ҳар кас, ки ба Аллоҳу паёмбараш ва ба дини Ислом кофир шавад, амалаш нобуд шавад ва дар охират аз зиёнкорон ва бадбахтон хоҳад буд. (2)
1. Яъне гушти ҳайвони забҳкардаи онҳо 2. Тафсири Саъдӣ 1/221 -
Tajik - Tajik translation
Имрӯз чизҳои покиза бар шумо ҳалол шудааст. Таъоми аҳли китоб бар шумо ҳалол аст ва таъоми шумо низ бар онҳо ҳалол аст. Ва низ занони солеҳи мӯъмина ва занони солеҳи аҳли китоб ҳар гоҳ маҳрашонро бипардозед, ба таври заношӯӣ на зинокорӣ ва дӯстгирӣ бар шумо ҳалоланд. Ва ҳар кас, ки ба ислом кофир шавад, амалаш ночиз шавад ва дар охират аз зиёнкорон хоҳад буд.
Al-Ma'idah 5:5
Loading the recitation…
0:00