وَدَخَلَ ٱلۡمَدِينَةَ عَلَىٰ حِينِ غَفۡلَةࣲ مِّنۡ أَهۡلِهَا فَوَجَدَ فِيهَا رَجُلَيۡنِ يَقۡتَتِلَانِ هَٰذَا مِن شِيعَتِهِۦ وَهَٰذَا مِنۡ عَدُوِّهِۦۖ فَٱسۡتَغَٰثَهُ ٱلَّذِي مِن شِيعَتِهِۦ عَلَى ٱلَّذِي مِنۡ عَدُوِّهِۦ فَوَكَزَهُۥ مُوسَىٰ فَقَضَىٰ عَلَيۡهِۖ قَالَ هَٰذَا مِنۡ عَمَلِ ٱلشَّيۡطَٰنِۖ إِنَّهُۥ عَدُوࣱّ مُّضِلࣱّ مُّبِينࣱ ١٥
Al-Qasas 28:15
سورة القصص
Meccan
Verse: 15/88
Page 387
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Ҳангоме ки мардум [машғули истироҳат ва] бехабар буданд, Мӯсо [махфиёна] вориди шаҳр шуд ва ду мардро дид, ки бо якдигар даргир шудаанд. Яке аз онон [аз қавми Бани Исроил ва] аз дӯстони Мӯсо буд ва дигаре [қибтӣ буд ва] аз душманонаш. Пас, он ки аз дӯстони ӯ буд, алайҳи душманаш аз Мӯсо ёрӣ хост, пас, [Мӯсо] мушт [-и маҳкам]-е ба вай заду ӯро аз пой даровард [он гоҳ] гуфт: «Ин кори шайтон буд. Ҳаққо, ки ӯ душман [-и инсон ва] гумроҳкунандаи ошкоре аст» -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
15. Бехабар аз мардуми шаҳр ба шаҳр дохил шуд. Ногаҳон ду танро дид, ки бо ҳам меҷанганд. Яке аз онҳо аз пайравони ӯ буд ва дигаре аз душманонаш. Пас, он кӣ аз пайравонаш буд, бар зидди он дигар, ки аз душманонаш буд, аз ӯ ёрӣ хост. Пас, Мӯсо мушти маҳкаме бар ӯ зад ва ӯро кушт(1). Гуфт: «Ин кори шайтон буд. Ҳароина, ӯ душмани гумроҳкунандаи ошкор аст».
1. Ин воқеа пеш аз паёмбарии Мӯсо алайҳиссалом буд. -
Tajik - Tajik translation
Бехабар аз мардуми шаҳр ба шаҳр дохил шуд. Ду танро дид, ки бо ҳам ҷанг мекунанд. Ин як аз пайравонаш буд ва он як аз душманонаш. Он кӣ аз пайравонаш буд, бар зидди он дигар, ки аз душманонаш буд, аз ӯ ёрӣ хост. Мӯсо муште бар ӯ зад ва ӯро кушт. Гуфт: «Ин кори шайтон буд. Ӯ ба ошкоро душмане гумроҳкунанда аст».
Al-Qasas 28:15
Loading the recitation…
0:00