فَلَمَّا جَآءَهُمُ ٱلۡحَقُّ مِنۡ عِندِنَا قَالُواْ لَوۡلَآ أُوتِيَ مِثۡلَ مَآ أُوتِيَ مُوسَىٰٓۚ أَوَلَمۡ يَكۡفُرُواْ بِمَآ أُوتِيَ مُوسَىٰ مِن قَبۡلُۖ قَالُواْ سِحۡرَانِ تَظَٰهَرَا وَقَالُوٓاْ إِنَّا بِكُلࣲّ كَٰفِرُونَ ٤٨
Al-Qasas 28:48
سورة القصص
Meccan
Verse: 48/88
Page 391
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Вале ҳангоме ки [паёмбари] ҳақ аз ҷониби Мо ба суроғашон омад, [яҳудиён аз сари лаҷоҷат] гуфтанд: «Чаро муъҷизоте ҳаммонанд Мӯсо ба ӯ дода нашудааст»? [Дар посухашон бигӯ] «Магар [яҳудиён] дар гузашта муъҷизоти Мӯсоро инкор накарданд»? Онон гуфтанд: «[Қуръону Таврот] ду ҷоду ҳастанд, ки якдигарро таъйид мекунанд» ва гуфтанд: «Мо тамоми [матолиби] онҳоро инкор мекунем» -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
48. Чун паёмбари ростгӯй (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ҷониби Мо бар онон мабъус шуд, (кофирони Қурайш) гуфтанд: «Чаро он чӣ ба Мӯсо аз мӯъҷизаҳо дода шуд, ба ӯ дода нашудааст?» (Эй Расул, бигӯ барояшон:) Оё инҳо (яҳудиҳо) пеш аз ин ба он чӣ ба Мӯсо дода шуда буд, кофир нашуда буданд?
Ва гуфтанд, ки ин ҳарду (Тавроту Қуръон) ҷодуанд ва пуштибони якдигаранд ва гуфтанд: Мо ба ҳар кадоме аз онҳо имон намеоварем.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 6\212 -
Tajik - Tajik translation
Чун паёмбари ростгӯй аз ҷониби Мо бар онон фиристода шуд, гуфтанд: «Чаро он чӣ ба Мӯсо дода шуда, ба ӯ дода нашуда?» Оё инҳо пеш аз ин ба он чӣ ба Мӯсо дода шуда буд, кофир нашуда буданд? Ва гуфтанд, ки ин ҳар ду, ду ҷодуст монанди ҳам ва мо ба ҳеҷ як имон намеоварем.
Al-Qasas 28:48
Loading the recitation…
0:00