أَتَىٰٓ أَمۡرُ ٱللَّهِ فَلَا تَسۡتَعۡجِلُوهُۚ سُبۡحَٰنَهُۥ وَتَعَٰلَىٰ عَمَّا يُشۡرِكُونَ ١
An-Nahl 16:1
سورة النحل
Meccan
Verse: 1/128
Page 267
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
[Эй кофирон, лаҳзаи вуқуи қиёмат ва] Фармони Аллоҳ таоло [барои азобатон] наздик шудааст; пас, барои [расидани] он шитоб накунед. Ӯ муназзаҳ аст ва аз он чи бо вай шарик месозанд бартар аст -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
1. (Эй мушрикон, он чи Аллоҳ ба шумо дар рӯзи қиёмат аз азоб ваъда додааст), наздик омад, инак барои вуқӯъи он фармони Аллоҳ даррасид, пас онро бо шитобзадагӣ талаб макунед ва барои расулонаш масхаракунон нагӯед, ки агар рост мегӯед, ки қиёмате ҳаст аз Аллоҳ бихоҳед ҳар чи зудтар азоби онро бинамояд. Ӯ пок аст аз сифатҳое, ки мушрикон дар бораи Ӯ ба забон меронанд ва аз ҳар чӣ, ки шарики Ӯ месозанд, болотар аст.(1)
1. Тафсири Табарӣ 17\164 -
Tajik - Tajik translation
Фармони Худованд даррасид, ба шитобаш наталабед. Ӯ пок аст ва аз ҳар чӣ шарики Ӯ месозанд, бартар аст.
An-Nahl 16:1
Loading the recitation…
0:00