وَلَأُضِلَّنَّهُمۡ وَلَأُمَنِّيَنَّهُمۡ وَلَأٓمُرَنَّهُمۡ فَلَيُبَتِّكُنَّ ءَاذَانَ ٱلۡأَنۡعَٰمِ وَلَأٓمُرَنَّهُمۡ فَلَيُغَيِّرُنَّ خَلۡقَ ٱللَّهِۚ وَمَن يَتَّخِذِ ٱلشَّيۡطَٰنَ وَلِيࣰّا مِّن دُونِ ٱللَّهِ فَقَدۡ خَسِرَ خُسۡرَانࣰا مُّبِينࣰا ١١٩
An-Nisa' 4:119
سورة النساء
Medinan
Verse: 119/176
Page 97
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Ва мусалламан, ононро гумроҳ мекунам ва ба орзуҳои ботил меафканам ва ба эшон дастур медиҳам, ки гӯши чаҳорпоёнро бишкофанд ва водорашон мекунам, то офариниши Аллоҳро тағйир диҳанд". Ва ҳар ки шайтонро ба ҷойи Аллоҳ таоло дӯст [-у корсози] худ гирад, ҳатман, зиёни ошкор кардааст -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
119. Ва албатта, онҳоро аз роҳи рост гумроҳ мекунам ва орзуҳои ботил дар дилашон меандозам ва ба онон фармон медиҳам, то гӯшҳои чорпоёнро бишикофанд. Ва ба онон фармон медиҳам, то хилқати Аллоҳро дигаргун созанд (яъне, дар бадан хол кӯбанд, қош чинанд ва ғайра...). Ва ҳар кас, ки ба ҷои Аллоҳ шайтонро дӯсти худ гирад, зиёни ошкоре кардааст! (1)
1. Тафсири Саъдӣ 1/203 -
Tajik - Tajik translation
Ва албатта гумроҳашон мекунам ва орзуҳои ботил дар дилашон меафканам ва ба онон фармон медиҳам то гушҳои чорпоёнро бишикофанд. Ва ба онон фармон медиҳам, то хилқати Худоро дигаргун созанд». Ва ҳар кас, ки ба ҷои Худо шайтонро ба дӯстӣ қабул кунад, зиёне ошкор кардааст!
An-Nisa' 4:119
Loading the recitation…
0:00