وَإِنِ ٱمۡرَأَةٌ خَافَتۡ مِنۢ بَعۡلِهَا نُشُوزًا أَوۡ إِعۡرَاضࣰا فَلَا جُنَاحَ عَلَيۡهِمَآ أَن يُصۡلِحَا بَيۡنَهُمَا صُلۡحࣰاۚ وَٱلصُّلۡحُ خَيۡرࣱۗ وَأُحۡضِرَتِ ٱلۡأَنفُسُ ٱلشُّحَّۚ وَإِن تُحۡسِنُواْ وَتَتَّقُواْ فَإِنَّ ٱللَّهَ كَانَ بِمَا تَعۡمَلُونَ خَبِيرࣰا ١٢٨
An-Nisa' 4:128
سورة النساء
Medinan
Verse: 128/176
Page 99
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Ва агар зане аз носозгорӣ ё рӯйгардонии шавҳараш бим дошт, пас, бар он ду нафар гуноҳе нест, ки бо [сарфи назар аз бархе ҳуқуқ ва вазоиф] бо якдигар оштӣ кунанд. Ва оштӣ беҳтар [аз талоқ] аст ва [-ле тамаъ ва] бухл нафсҳоро фаро гирифтааст [ва ҳеҷ кас аз ҳаққи хеш намегузарад] ва агар некӣ кунед ва парҳезкорӣ пеша созед, ҳатман, Аллоҳ таоло ба он чи анҷом медиҳед, огоҳ аст -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
128. Агар зане дарёфт, ки шавҳараш бо ӯ бемеҳр ва аз ӯ безор шудааст, боке нест, ки ҳарду дар миёни худ сулҳ бикунанд (яъне, зан аз баъзе ҳуқуқи худ даст кашад, ба монанди ин ки ба либос ё хонаи оддӣ қаноат кунад...), ки сулҳ беҳтар аст. Вале бухлу пастӣ бар нафсҳои мардум ғалаба кардааст. Ва агар некӣ ва парҳезгорӣ кунед, Аллоҳ ба ҳар чӣ мекунед, огоҳ аст ва мувофиқи он шуморо мукофот медиҳад! (1)
1. Тафсири Саъдӣ 1/206 -
Tajik - Tajik translation
Агар зане дарёфт, ки шавҳараш бо ӯ бемеҳр ва аз ӯ безор шудааст, боке нест, ки ҳар ду дар миёни худ тарҳи оштӣ афкананд, ки оштӣ беҳтар аст. Ва бахиливу мумсиқӣ бар нафсҳои мардум ғалаба дорад. Ва агар некӣ ва парҳезгорӣ кунед, Худо ба ҳар чӣ мекунед, огоҳ аст!
An-Nisa' 4:128
Loading the recitation…
0:00