وَلَا تَتَمَنَّوۡاْ مَا فَضَّلَ ٱللَّهُ بِهِۦ بَعۡضَكُمۡ عَلَىٰ بَعۡضࣲۚ لِّلرِّجَالِ نَصِيبࣱ مِّمَّا ٱكۡتَسَبُواْۖ وَلِلنِّسَآءِ نَصِيبࣱ مِّمَّا ٱكۡتَسَبۡنَۚ وَسۡـَٔلُواْ ٱللَّهَ مِن فَضۡلِهِۦٓۚ إِنَّ ٱللَّهَ كَانَ بِكُلِّ شَيۡءٍ عَلِيمࣰا ٣٢
An-Nisa' 4:32
سورة النساء
Medinan
Verse: 32/176
Page 83
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
[Эй муъминон] Он чиро, ки Аллоҳ таоло ба василаи он бархе аз шуморо бар бархе дигар бартарӣ додааст, орзу макунед [то дучори ҳасад нашавед]. Мардон аз он чи ба даст овардаанд, [подошу] баҳрае доранд ва занон [низ] аз он чи ба даст овардаанд, [аҷру] баҳрае доранд ва аз бахшиши Аллоҳ таоло [чизе] бихоҳед. Бе тардид, Аллоҳ таоло ба ҳар чизе доност -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
32. Ва орзуи чизеро накунед, ки Аллоҳ бархе аз шуморо бо он аз бархи дигар бартарӣ додааст, барои мардон баҳрае аст аз он чи ба даст меоваранд ва барои занон баҳрае аст аз он чи ба даст меоваранд ва аз Аллоҳ фазли Ӯро биҷӯед, ҳамоно Аллоҳ ба ҳар чизе огоҳ аст. (Аллоҳ ба ҳар кас чизеро медиҳад, ки шоистагии бархӯрдории онро дорад. Ва неъматҳои худро ба касе намедиҳад, ки шоистаи он набошад.) (1)
1. Тафсири Саъдӣ 1/176 -
Tajik - Tajik translation
Орзӯ макунед он чизҳоеро, ки ба онҳо Худо баъзе аз шуморо бар баъзе дигар бартарӣ додааст. Мардонро аз он чӣ кунанд, насибест ва занонро аз он чӣ кунанд, насибе. Ва рӯзӣ аз Худо хоҳед, ки Худо бар ҳар чизе огоҳ аст!
An-Nisa' 4:32
Loading the recitation…
0:00