أَلَمۡ تَرَ إِلَى ٱلَّذِينَ أُوتُواْ نَصِيبࣰا مِّنَ ٱلۡكِتَٰبِ يُؤۡمِنُونَ بِٱلۡجِبۡتِ وَٱلطَّٰغُوتِ وَيَقُولُونَ لِلَّذِينَ كَفَرُواْ هَٰٓؤُلَآءِ أَهۡدَىٰ مِنَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ سَبِيلًا ٥١
An-Nisa' 4:51
سورة النساء
Medinan
Verse: 51/176
Page 86
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Оё афроде [аз қавми яҳуд]-ро, ки баҳрае аз китоби [осмонӣ] ба онон дода шудааст, надидаӣ [ки чи гуна] ба бутҳо ва маъбудони ботил имон меоваранд? [Ин афрод аз рӯйи дӯстӣ ва мадоро] Дар бораи касоне, ки куфр варзидаанд, мегӯянд: "Инон аз касоне, ки имон овардаанд, ҳидоятёфтатаранд" -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
51. Оё касонеро намебинӣ, ки баҳрае аз Китоб дода шудаанд?! Ахлоқи зишт ва палидашон ононро водор кард, то аз имон ба Аллоҳ ва паёмбараш рӯй бигардонанд ва ба ҷибт (бутон) ва тоғут (1) имон биёваранд. Ва ба кофирон мегӯянд: "Инҳо аз касоне, ки имон овардаанд, роҳёбандатаронанд". (2)
1. Имон ба ҷибт ва тоғут шомили ҳар ибодатест, ки барои ғайри Аллоҳ анҷом мешавад. Е ҳукм кардан ба ғайр аз он чи ки Аллоҳ машруъ намудааст. Пас сеҳр ва ғайбгӯӣ ва парастиши ғайри Аллоҳ ва итоати шайтон ҳама мисдоқе аз ҷибт ва тоғутанд
2. Тафсири Саъдӣ 1/182 -
Tajik - Tajik translation
Оё касонеро, ки насибе аз китоб дода шудаанд, надидаӣ, ки ба Ҷибту Тоғут имон меоваравд ва дар бораи кофирон мегӯянд, ки роҳи инон аз роҳи мӯъминон ба ҳидоят наздиктар аст?
An-Nisa' 4:51
Loading the recitation…
0:00