إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ بِـَٔايَٰتِنَا سَوۡفَ نُصۡلِيهِمۡ نَارࣰا كُلَّمَا نَضِجَتۡ جُلُودُهُم بَدَّلۡنَٰهُمۡ جُلُودًا غَيۡرَهَا لِيَذُوقُواْ ٱلۡعَذَابَۗ إِنَّ ٱللَّهَ كَانَ عَزِيزًا حَكِيمࣰا ٥٦
An-Nisa' 4:56
سورة النساء
Medinan
Verse: 56/176
Page 87
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Бе гумон, касонеро, ки ба оёти мо куфр варзиданд, дар оташ [-и сӯзон] ворид хоҳем кард, ки ҳар чи пӯсташон бирён гардад, пӯстҳои дигаре ба ҷояш қарор медиҳем, то [таъми] азобро бичашанд. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло шикастнопазири ҳаким аст -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
56. Онон, ки оёти Моро инкор кардаанд, онҳоро ба оташе, ки бузург аст ва ҳарораташ бисёр баланд аст, месӯзонем. Ҳар гоҳ ки пӯстҳояшон бисӯзад, ба ҷои он пӯстҳои дигар қарор медиҳем, то сахтарин азобро бичашанд. Ва чун куфрро ба сурати ҳамешагӣ такрор кардан чун сифат ва одати онҳо гардидааст, азоб ҳам бар онҳо такрор мешавад, то сазои баробар бо аъмоли худро бубинанд. Ҳамоно Аллоҳ азиз ва ҳаким аст. -
Tajik - Tajik translation
Ононро, ки ба оёти Мо кофир шуданд, ба оташ хоҳем андохт. Ҳар гоҳ пӯсти танашон бнпазад, пӯсте дигарашон диҳем, то азоби Худоро бичашанд. Худо пирӯзманду хаким аст!
An-Nisa' 4:56
Loading the recitation…
0:00