وَمَن يُطِعِ ٱللَّهَ وَٱلرَّسُولَ فَأُوْلَٰٓئِكَ مَعَ ٱلَّذِينَ أَنۡعَمَ ٱللَّهُ عَلَيۡهِم مِّنَ ٱلنَّبِيِّـۧنَ وَٱلصِّدِّيقِينَ وَٱلشُّهَدَآءِ وَٱلصَّٰلِحِينَۚ وَحَسُنَ أُوْلَٰٓئِكَ رَفِيقࣰا ٦٩
An-Nisa' 4:69
سورة النساء
Medinan
Verse: 69/176
Page 89
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Ва касе, ки Аллоҳ таоло ва паёмбарро итоат кунад, [рӯзи қиёмат] ҳамнишини касоне хоҳад буд, ки Аллоҳ таоло эшонро гиромӣ доштааст, [яъне] бо паёмбарону сиддиқон [тасдиқкунандагони паёмбар] ва шаҳидону солеҳон. Ва инон чи наку рафиқоне ҳастанд! -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
69. Ва ҳар кас фармудаҳои Аллоҳро ба ҷо овард ва ба роҳнамудаи Паёмбари Аллоҳ (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) амал намуд, пас онҳо ҳамнишини касоне хоҳанд буд, ки Аллоҳ ба онҳо неъмат додааст аз паёмбарон ва сиддиқон, (1) ва шаҳидон,(2) ва солеҳони мӯъминон, ки Аллоҳ зоҳир ва ботинашонро ислоҳ намудааст. Ва инҳо чи хуб дӯстоне ҳастанд, ки бо онҳо дар боғҳои биҳишт ҷамъ шуда ҳаёт ба сар мебаранд.
1. Ононе ки бо тамоми он чи ки паёмбарон оварданд аз эътиқод, гуфтор ва амал, ба таври комил тасдиқ намуданд.
2. Ононе, ки дар роҳи Алдоҳ ҷонсупорӣ намуданд
-
Tajik - Tajik translation
Ва ҳар кӣ аз Худову паёмбараш итоъат кунад, ҳамроҳ бо касоне хоҳад буд, ки Худо неъматашон додааст, чун анбиё ва сиддиқон ва шаҳидону солеҳон ва инҳо чӣ некӯ рафиқонанд!
An-Nisa' 4:69
Loading the recitation…
0:00