An-Nisa' 4:8

سورة النساء

Medinan Verse: 8/176 Page 78

وَإِذَا حَضَرَ ٱلۡقِسۡمَةَ أُوْلُواْ ٱلۡقُرۡبَىٰ وَٱلۡيَتَٰمَىٰ وَٱلۡمَسَٰكِينُ فَٱرۡزُقُوهُم مِّنۡهُ وَقُولُواْ لَهُمۡ قَوۡلࣰا مَّعۡرُوفࣰا ٨

  1. Arifi

    الترجمة الطاجيكية - عارفي

    Ва ҳар гоҳ хешовандон [-и ғайри ворис] ва ятимону тиҳидастон бар тақсими [мерос] ҳозир шаванд, [пеш аз тақсим чизе] аз он [амволро аз боби истиҳбоб] ба онон бидиҳед ва ба шоистагӣ бо эшон сухан бигӯед
  2. Тоҷикӣ translation

    الترجمة الطاجيكية

    8. Ва ҳангоме ки дар тақсими мерос хешовандоне ки ворис нестанд, (1) ва ятимон ва фуқарои мустаҳиқ, ки ҳозир шуданд, аз ин мол, ки беранҷ
    ва заҳмат онро ба даст меоваред, чизе ба онҳо бидиҳед, пас хотири онҳоро таскин (ором) диҳед, чаро ки додани ин мол ба шумо зиёне намерасонад ва ба онҳо сухани некӯ бигуед.(2)
    1. Манзур аз хешовандон, хешовандоне ҳастанд, ки дар мерос саҳме надоранд,
    2. Тафсири Саъдӣ 1 \ 165
  3. Tajik - Tajik translation


    Ва чун ба ҳангоми тақсим хешовандону ятимон ва мискинон ҳозир омаданд, ба онон низ чизе садақа кунед ва бо онҳо ба некӯӣ сухан гӯед.

Read the whole surah Arabic tafsir