أَلَمۡ تَرَ أَنَّ ٱللَّهَ يُزۡجِي سَحَابࣰا ثُمَّ يُؤَلِّفُ بَيۡنَهُۥ ثُمَّ يَجۡعَلُهُۥ رُكَامࣰا فَتَرَى ٱلۡوَدۡقَ يَخۡرُجُ مِنۡ خِلَٰلِهِۦ وَيُنَزِّلُ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مِن جِبَالࣲ فِيهَا مِنۢ بَرَدࣲ فَيُصِيبُ بِهِۦ مَن يَشَآءُ وَيَصۡرِفُهُۥ عَن مَّن يَشَآءُۖ يَكَادُ سَنَا بَرۡقِهِۦ يَذۡهَبُ بِٱلۡأَبۡصَٰرِ ٤٣
An-Nur 24:43
سورة النور
Medinan
Verse: 43/64
Page 355
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Оё надидӣ, ки Аллоҳ таоло абрҳоеро ба оромӣ меронад, сипас байни [аҷзои] он пайванд медиҳад, он гоҳ тӯдаи анбӯҳе падид меоварад, пас, қатраҳои боронро мебинӣ, ки аз миёнаш таровиш мекунад ва аз кӯҳҳое [аз анбӯҳи абрҳо], ки дар осмон аст, донаҳои жола фурӯ меборад, пас, онро ба ҳар ки бихоҳад фурӯ мерезад ва аз ҳар ки бихоҳад бозмедорад. Наздик аст, дурахшандагии барқаш чашмҳоро [аз байн] барад -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
43. Оё надидаӣ, ки Аллоҳ абрҳоеро ба оҳистагӣ меронад, он гоҳ онҳоро ба ҳам мепайвандад, боз месозадаш рӯ ба рӯ болои ҳам? Пас мебинӣ боронро, ки хориҷ мешавад аз миёни он абр ва фуруд меорад аз ҷониби боло, аз кӯҳҳои абрӣ, ки он ҷоест, жоларо. Пас ҳар киро хоҳад, бо он осеб мерасонад ва аз ҳар кӣ мехоҳад, бозаш медорад.(1) Раъду барқе, ки дар он абр буда қариб аст, ки бибарад нури чашмҳоро.
1. Мувофиқи ҳикмат ва қазову қадари Худаш. Тафсири Саъдӣ 1/ 570 -
Tajik - Tajik translation
Оё надидаӣ, ки Худо абрҳоеро ба оҳистагӣ меронад, он гоҳ, онҳоро ба ҳам мепайвандад ва абре бузург падид меоварад ва боронро бинӣ, ки дар он ҷост, тагарг (жола) мефиристад ва ҳар киро хоҳад, бо он мезанад ва аз ҳар кӣ мехоҳад, бозаш медорад. Рӯшноии барқаш наздик бошад, ки дидагонро кӯр созад.
An-Nur 24:43
Loading the recitation…
0:00