وَمَآ ءَاتَيۡتُم مِّن رِّبࣰا لِّيَرۡبُوَاْ فِيٓ أَمۡوَٰلِ ٱلنَّاسِ فَلَا يَرۡبُواْ عِندَ ٱللَّهِۖ وَمَآ ءَاتَيۡتُم مِّن زَكَوٰةࣲ تُرِيدُونَ وَجۡهَ ٱللَّهِ فَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُضۡعِفُونَ ٣٩
ArRoom 30:39
سورة الروم
Meccan
Verse: 39/60
Page 408
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Он чи аз амвол [-и худ, ки ба қасд]-и рибо ба мардум медиҳед, то [бо пас гирифтани он ба мизони бештаре бар амволатон] афзун гардад, назди Аллоҳ таоло афзоиш намеёбад, ва[-ле] он чи барои хушнудии Аллоҳ таоло [ба унвони] закот мепардозед, [баракату афзоиш меёбад] ва [касоне, ки чунин мекунанд] инонанд, ки подошашон [назди Аллоҳ таоло] чанд баробар мегардад -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
39. Ва он моле, ки ба қасди рибо медиҳед, то фоидаи шумо аз моли мардум биафзояд, пас назди Аллоҳ ҳеҷ наафзояд ва моле, ки барои хушнудии Аллоҳ аз боби закоту садақа медиҳед, баракати он биафзояд. Касоне,
ки чунин кунанд, пас инҳо, подоши дучанд доранд.(1)
1. Тафсири Табарӣ 20\84 -
Tajik - Tajik translation
Моле, ки ба рибо медиҳед, то дар амволи мардум афзун шавад, назди Худо ҳеҷ афзун намешавад ва моле, ки барои хушнудии Худо аз бобати закот медиҳед, зиёд шавад, касоне ки чунин кунанд, мукофоти музоъаф (дучанд) доранд.
ArRoom 30:39
Loading the recitation…
0:00