۞ ٱللَّهُ ٱلَّذِي خَلَقَكُم مِّن ضَعۡفࣲ ثُمَّ جَعَلَ مِنۢ بَعۡدِ ضَعۡفࣲ قُوَّةࣰ ثُمَّ جَعَلَ مِنۢ بَعۡدِ قُوَّةࣲ ضَعۡفࣰا وَشَيۡبَةࣰۚ يَخۡلُقُ مَا يَشَآءُۚ وَهُوَ ٱلۡعَلِيمُ ٱلۡقَدِيرُ ٥٤
ArRoom 30:54
سورة الروم
Meccan
Verse: 54/60
Page 410
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Аллоҳ таоло аст, ки шуморо аз [оби] беарзише офарид, сипас баъд аз нотавонӣ [даврони хурдсолӣ] нерумандӣ бахшид, он гоҳ пас аз нерумандӣ заъфу куҳансолӣ падид овард. Ӯ ҳар чи бихоҳад, меофаринад ва Ӯ донову тавоност -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
54. Аллоҳ Зотест, ки шуморо аз нотавонӣ (яъне, аз нутфа) биёфарид ва пас аз нотавонӣ нерӯманд сохт, ки он ҷавонӣ аст, он гоҳ пас аз нерӯмандӣ нотавониву пирӣ овард. Ҳар чӣ бихоҳад, меофаринад ва Ӯ ба халқаш донову бар ҳама чиз тавоност!(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\644 -
Tajik - Tajik translation
Худост, ки шуморо нотавон биёфарид ва пас аз нотавонӣ боқувват сохт, он гоҳ пас аз боқувватӣ нотавониву пирӣ овард. Ҳар чӣ бихоҳад, меофаринад ва Ӯ донову тавоност!
ArRoom 30:54
Loading the recitation…
0:00