وَيَوۡمَ تَقُومُ ٱلسَّاعَةُ يُقۡسِمُ ٱلۡمُجۡرِمُونَ مَا لَبِثُواْ غَيۡرَ سَاعَةࣲۚ كَذَٰلِكَ كَانُواْ يُؤۡفَكُونَ ٥٥
ArRoom 30:55
سورة الروم
Meccan
Verse: 55/60
Page 410
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Ва рӯзе, ки қиёмат барпо гардад, гунаҳгорон савганд ёд мекунанд, ки ҷуз соате [дар гӯр] диранг накардаанд. Онон [дар дунё низ] ин гуна ба инҳироф кашида мешуданд -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
55. Ва рӯзе, ки қиёмат барпо шавад ва ҳама аз қабрҳояшон бархезанд, кофирон савганд хӯранд, ки ҷуз лаҳзае дар дунё(1) наистодаанд. Инчунин аз ҳақиқат ва роҳи ҳақ баргардонида мешаванд. Яъне, онҳо аз фаҳмидани ҳақиқат ва паймудани роҳи дуруст боздошта мешаванд, чи тавре ки дар дунё дурӯғ мегуфтанд.(2)
1. Кофирон савганди дурӯғ хӯрданд, чунон ки дар дунё дурӯғ мегуфтанд ва ҳақиқатро инкор мекарданд.Тафсири Бағавӣ 6/ 278 2. Тафсири Саъдӣ 1\645 -
Tajik - Tajik translation
Рӯзе, ки қиёмат барпо шавад, кофирон савганд хӯранд, ки зиёда аз соаъте дар гӯр наоромидаанд. Оре, инчунин аз ҳақ каҷрав мешуданд.
ArRoom 30:55
Loading the recitation…
0:00