۞ أَجَعَلۡتُمۡ سِقَايَةَ ٱلۡحَآجِّ وَعِمَارَةَ ٱلۡمَسۡجِدِ ٱلۡحَرَامِ كَمَنۡ ءَامَنَ بِٱللَّهِ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِ وَجَٰهَدَ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِۚ لَا يَسۡتَوُۥنَ عِندَ ٱللَّهِۗ وَٱللَّهُ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلظَّٰلِمِينَ ١٩
At-Taubah 9:19
سورة التوبة
Medinan
Verse: 19/129
Page 189
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
[Эй мушрикон] Оё об додан ба ҳоҷиён ва обод кардани Масҷиду-л-ҳаромро бо [имону амали] касе, ки ба Аллоҳ таоло ва рӯзи вопасин имон оварда ва дар роҳи Аллоҳ таоло ҷиҳод кардааст, баробар медонед? [Ин ду ҳаргиз] Назди Аллоҳ таоло баробар нестанд. Ва Аллоҳ таоло ситамгорон [-и мушрик]-ро ҳидоят намекунад -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
19. Оё об(1) додан ба ҳоҷиён ва обод сохтани Масҷидулҳаромро монанди кори касе қарор додаед, ки ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон оварда дар роҳи Аллоҳ ҷиҳод кардааст? Дар назди Аллоҳ баробар нестанд ва Аллоҳ гурӯҳи ситамкоронро ҳидоят намекунад.
1. Яъне, оби Замзам. Тафсири Саъдӣ 1/331 -
Tajik - Tajik translation
Оё об додан ба ҳоҷиён ва иморати Масҷидулҳаромро бо кардаи касе, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон оварда ва дар роҳи Худо ҷиҳод карда, баробар медонед? Назди Худо баробар нестанд ва Худо ситамкоронро ҳидоят намекунад!
At-Taubah 9:19
Loading the recitation…
0:00