فَسِيحُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ أَرۡبَعَةَ أَشۡهُرࣲ وَٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّكُمۡ غَيۡرُ مُعۡجِزِي ٱللَّهِ وَأَنَّ ٱللَّهَ مُخۡزِي ٱلۡكَٰفِرِينَ ٢
At-Taubah 9:2
سورة التوبة
Medinan
Verse: 2/129
Page 187
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Пас, [эй мушрикон, фақат] чаҳор моҳ [фурсат доред, ки бо амнияти комил] дар замин бигардед ва бидонед, ки [ҳаргиз] наметавонед Аллоҳ таолоро нотавон созед [ва аз азобаш бигурезед] ва Аллоҳ таоло расвокунандаи кофирон аст -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
2.Пас, - эй мушрикон, - чаҳор моҳ(1) ба шумо мӯҳлат дода шуд, ки дар ин сарзамин(2) бигардед ва бидонед, ки аз азоби Аллоҳ натавонед гурехт ва бидонед, ки Аллоҳ хоркунандаи кофирон аст дар дунё ба куштану асорат ва азоб дар охират.(3)
1. Раҷаб, зулқаъда, зулҳиҷҷа ва муҳаррам. 2. Замини Ҳарам (Макка) 3. Тафсири Бағавӣ 4/8 -
Tajik - Tajik translation
Пас чаҳор моҳ ба шумо мӯҳлат дода шуд, ки дар ин сарзамин сайр кунед ва бидонед, ки аз Худо натавонед гурехт ва Ӯст, ки кофиронро расво месозад!
At-Taubah 9:2
Loading the recitation…
0:00