At-Taubah 9:69

سورة التوبة

Medinan Verse: 69/129 Page 198

كَٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِكُمۡ كَانُوٓاْ أَشَدَّ مِنكُمۡ قُوَّةࣰ وَأَكۡثَرَ أَمۡوَٰلࣰا وَأَوۡلَٰدࣰا فَٱسۡتَمۡتَعُواْ بِخَلَٰقِهِمۡ فَٱسۡتَمۡتَعۡتُم بِخَلَٰقِكُمۡ كَمَا ٱسۡتَمۡتَعَ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِكُم بِخَلَٰقِهِمۡ وَخُضۡتُمۡ كَٱلَّذِي خَاضُوٓاْۚ أُوْلَٰٓئِكَ حَبِطَتۡ أَعۡمَٰلُهُمۡ فِي ٱلدُّنۡيَا وَٱلۡأٓخِرَةِۖ وَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡخَٰسِرُونَ ٦٩

  1. Arifi

    الترجمة الطاجيكية - عارفي

    [Шумо мунофиқон] Ҳаммонанди касоне [ҳастед], ки пеш аз шумо буданд, [балки] онон аз шумо нерумандтар буданд ва амволу фарзандони бештаре доштанд. Пас, аз баҳраи хеш [дар дунё] бархӯрдор шуданд ва шумо низ аз баҳраи худ бархӯрдор шудед ҳамчунон ки онон ки пеш аз шумо буданд [низ] аз баҳраи хеш бархӯрдор шуданд. Ва шумо [дар гуноҳи такзиби ҳақ ва тавҳин ба паёмбари худ] фурӯ рафтед, ҳамон тавре ки онон фурӯ рафтанд. Онон аъмолашон дар дунё ва охират табоҳ гашт ва ононанд, ки табоҳкоронанд
  2. Тоҷикӣ translation

    الترجمة الطاجيكية

    69.       Феълу хӯи шумо (эй мунофиқон дар тамасхур ва куфр) ба монанди касонест, ки пеш аз шумо нерумандтар ва дорои амвол ва фарзандони бештаре буданд, пас онҳо аз насиби хеш баҳраманд шудаед, ҳамчунон касоне, ки пеш аз шумо будаанд, аз насиби хеш баҳраманд шуда буданд. Шумо суханони ботил гуфтед, ҳамчунон, ки онҳо сухани ботил мегуфтанд. Аъмоли онон дар дунёву охират ночиз гардид ва зиёнманд шуданд.
  3. Tajik - Tajik translation


    Ҳамонанди касоне, ки пеш аз шумо буданд, бо нерӯи бештар ва дороиву фарзандонн бештар, Онҳо аз насиби хеш баҳраманд шуданд. Шумо низ аз насиби хеш баҳраманд шудаед, ҳамчунон, ки касоне, ки пеш аз шумо будаанд, аз насиби хеш баҳраманд шуда буданд. Шумо суханони ботил гуфтед, ҳамчунон, ки онҳо сухани ботил мегуфтанд. Аъмоли онон дар дунёву охират ночиз гардид ва зиёнманд шуданд.

Read the whole surah Arabic tafsir