إِنَّا كُنَّا مِن قَبۡلُ نَدۡعُوهُۖ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلۡبَرُّ ٱلرَّحِيمُ ٢٨
At-Tur 52:28
سورة الطور
Meccan
Verse: 28/49
Page 524
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Мо дар зиндагии дунё ҳамвора Ӯро [парастиш мекардем ва ба рубубият] мехондем. Бе тардид, Ӯ накукору меҳрубон аст -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
28. Ҳароина, мо пеш аз ин Ӯро ба ягонагӣ мехондем(1) ва Ӯро парастиш мекардем ва аз Ӯ мепурсидем, моро аз азоби самум нигаҳ дорад ва ба сарои неъмат бирасонад, пас дуоямонро қабул ва ҳоҷатҳоямонро баробар кард, ки албатта, Ӯ эҳсонкунандаву меҳрубон аст!» (Ва аз ҷумлаи некӣ ва меҳрубониаш ба мо ин аст, ки аз мо хушнуд гардид ва моро вориди биҳишт гардонд ва аз нохушнудии хеш ва азоби ҷаҳаннам наҷот дод).(2)
1. Яъне, Ӯро ибодат мекардем ва ба Ӯ шарик намеовардем ва аз Ӯ мепурсидем, ки моро аз азоби самум наҷот диҳад ва ба неъматҳояш бирасонад. Тафсири Саъдӣ 1/815 2. Тафсири Саъдӣ 1/815 -
Tajik - Tajik translation
Мо пеш аз ин Ӯро (бо дуъову илтиҷо) мехондем, ки Ӯ эҳсонкунандаву меҳрубон аст!»
At-Tur 52:28
Loading the recitation…
0:00