وَٱصۡبِرۡ لِحُكۡمِ رَبِّكَ فَإِنَّكَ بِأَعۡيُنِنَاۖ وَسَبِّحۡ بِحَمۡدِ رَبِّكَ حِينَ تَقُومُ ٤٨
At-Tur 52:48
سورة الطور
Meccan
Verse: 48/49
Page 525
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
[Эй Паёмбар] Дар баробари ҳукми Парвардигорат шикебо бош; зеро ту таҳти назар ва ҳифозати Моӣ; ва ҳангоме ки [аз хоб ё ба қасди ибодат] бармехезӣ, Парвардигоратро ба покӣ ситоиш кун -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
48. Ва эй Паёмбар дар баробари озору азияти кофирон ба фармони Парвардигорат сабр кун. Ҳароина, ту зери назари Мо ҳастӣ. Яъне, ҳамеша дар ҳифзи Мо мебошӣ. Ва чун аз хоб бармехезӣ, бо ситоиши Парвардигорат тасбеҳ гӯй!(1)
1. Дар ин оят исботи сифати ду чашм аст, ки лоиқ ба зоти бузургии Худаш мебошад бемисл ва бемонанд, чунонки дар суннат омадааст ва уламо ҳама бар ин ақидаанд. Лафз ба шакли ҷамъ омадааст, ки мақсад аз он таъзим мебошад. -
Tajik - Tajik translation
Дар баробари фармони Парвардигорат босабр бош, ки ту таҳти назари Моӣ! Ва ҳангоме ки бархостӣ, ба ситоиши Парвардигорат тасбеҳ гӯй!
At-Tur 52:48
Loading the recitation…
0:00