ٱللَّهُ يَتَوَفَّى ٱلۡأَنفُسَ حِينَ مَوۡتِهَا وَٱلَّتِي لَمۡ تَمُتۡ فِي مَنَامِهَاۖ فَيُمۡسِكُ ٱلَّتِي قَضَىٰ عَلَيۡهَا ٱلۡمَوۡتَ وَيُرۡسِلُ ٱلۡأُخۡرَىٰٓ إِلَىٰٓ أَجَلࣲ مُّسَمًّىۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتࣲ لِّقَوۡمࣲ يَتَفَكَّرُونَ ٤٢
Az-Zumar 39:42
سورة الزمر
Meccan
Verse: 42/75
Page 463
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Аллоҳ таоло ҷонҳоро дар лаҳзаи марг мегирад ва[низ] ҷони касеро, ки намурдааст, ба ҳангоми хобаш [мегирад], он гоҳ ҷонҳоеро, ки ҳукми марг бар онҳо рондааст, нигаҳ медорад ва ҷони дигаронро бозпас мефиристад, то ҳангоми муайян [марг]. Дар ин [амр] барои ҳар ки биандешад, нишонаҳое [аз қиёмат] аст -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
42. Аллоҳ ҷонҳоро ба ҳангоми мурданашон мегирад ва ин маргест, ки аҷали инсон ба поён мерасад ва низ мегирад ҷони касонеро, ки дар хоби худ намурдаанд (яъне, аҷали онҳо ҳанӯз ба сар нарасидааст). Ҷонҳоеро, ки ҳукми марг бар онҳо ронда шуда, нигаҳ медорад ва ин ҷони касест, ки бимирад ва ҷони дигаронро то замоне, ки муайян аст, боз мефиристад ва ин ҷони касест, ки аз хоб бармехезад. Ҳароина, дар ин гирифтани ҷонҳо ва нигоҳ доштан ё пас фиристодани онҳо ибратҳои равшанест бар қудрати Аллоҳ барои онҳое, ки меандешанд.(1)
1. Тафсири Табарӣ 21\299 -
Tajik - Tajik translation
Худо ҷонҳоро ба ҳангоми мурданашон мегирад ва низ ҷони касонеро, ки дар хоби худ намурдаанд. Ҷонҳоеро, ки ҳукми марг бар онҳо ронда шуда, нигаҳ медорад ва дигаронро то замоне, ки муъайян аст, бозмефиристад. Дар ин ибратҳост барои онҳое, ки меандешанд.
Az-Zumar 39:42
Loading the recitation…
0:00