وَنُفِخَ فِي ٱلصُّورِ فَصَعِقَ مَن فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَن فِي ٱلۡأَرۡضِ إِلَّا مَن شَآءَ ٱللَّهُۖ ثُمَّ نُفِخَ فِيهِ أُخۡرَىٰ فَإِذَا هُمۡ قِيَامࣱ يَنظُرُونَ ٦٨
Az-Zumar 39:68
سورة الزمر
Meccan
Verse: 68/75
Page 466
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
[Дар остонаи қиёмат] Дар сур дамида мешавад. Пас, ҳар ки дар осмонҳо ва дар замин аст, мадҳуши марг хоҳад шуд, магар касе, ки Аллоҳ таоло бихоҳад, он гоҳ бори дигар дар он дамида мешавад ва ногаҳон [ҳама аз марг] бармехезанд ва чашм ба роҳ [-и фармони Парваридгор] ҳастанд -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
68. Ва дар сур дамида шавад. Пас, ҳар кӣ дар осмонҳо ва ҳар кӣ дар замин аст, ҷуз онҳое, ки Аллоҳ бихоҳад, беҳуш мешаванд ва бимиранд. Ва барои зинда гардондани халоиқ, барои ҳисоб бори дигар дар он сур дамида шавад, ногаҳон аз ҷой бармехезанд ва менигаранд, ки бо онҳо чӣ амале анҷом мешавад.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\729 -
Tajik - Tajik translation
Ва дар сӯр дамида шавад. Пас ҳар кӣ дар осмонҳо ва ҳар кӣ дар замин аст, — ғайри онҳо, ки Ӯ бихоҳад, — беҳуш мешаванд. Ва бори дигар дар он дамида шавад, ногаҳон аз ҷой бармехезанд ва менигаранд.
Az-Zumar 39:68
Loading the recitation…
0:00