أَمَّنۡ هُوَ قَٰنِتٌ ءَانَآءَ ٱلَّيۡلِ سَاجِدࣰا وَقَآئِمࣰا يَحۡذَرُ ٱلۡأٓخِرَةَ وَيَرۡجُواْ رَحۡمَةَ رَبِّهِۦۗ قُلۡ هَلۡ يَسۡتَوِي ٱلَّذِينَ يَعۡلَمُونَ وَٱلَّذِينَ لَا يَعۡلَمُونَۗ إِنَّمَا يَتَذَكَّرُ أُوْلُواْ ٱلۡأَلۡبَٰبِ ٩
Az-Zumar 39:9
سورة الزمر
Meccan
Verse: 9/75
Page 459
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Оё [чунин мушрике беҳтар аст ё] он ки дар тӯли шаб дар ҳоли саҷда ва қиём ба ибодат машғул аст ва аз [азоби] охират тарсон аст ва ба раҳмати Парвардигораш умед дорад? Бигӯ: «Оё касоне, ки [ҳаққи бандагии Парвардигорро] медонанд ва касоне, ки намедонанд, яксонанд? Танҳо хирадмандон панд мепазиранд» -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
9. Оё ин мушрике, ки ба куфри худ баҳраманд шудааст, беҳтар аст, ё он касе, ки
дар вақтҳои шаб ба ибодат пардохта, ё дар суҷуд аст, ё дар қиём ва аз азоби охират метарсад ва ба раҳмати Парвардигораш умед дорад? Бигӯ: «Оё онҳое, ки медонанд ҳақиқати динро бо онҳое, ки аз дин чизеро намедонанд, баробаранд?» (Ҳаргиз баробар нестанд). Танҳо хирадмандон панд мегиранд
ва фарқи байни олимон ва
ҷоҳилонро медонанд.(1)
1. Тафсири Ибни Касир 7\89 -
Tajik - Tajik translation
Оё он кас, ки дар ҳамаи соъати шаб ба ибодат пардохта ё дар суҷуд аст ё дар қиём ва аз охират бимнок аст ва ба раҳмати Парвардигораш умедвор аст, бо он ки чунин нест, яксон аст? Бигӯ: «Оё онҳое, ки медонанд бо онҳое, ки намедонанд, баробаранд?» Танҳо хирадмандон панд мегиранд.
Az-Zumar 39:9
Loading the recitation…
0:00