وَلَوۡ جَعَلۡنَٰهُ قُرۡءَانًا أَعۡجَمِيࣰّا لَّقَالُواْ لَوۡلَا فُصِّلَتۡ ءَايَٰتُهُۥٓۖ ءَا۬عۡجَمِيࣱّ وَعَرَبِيࣱّۗ قُلۡ هُوَ لِلَّذِينَ ءَامَنُواْ هُدࣰى وَشِفَآءࣱۚ وَٱلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ فِيٓ ءَاذَانِهِمۡ وَقۡرࣱ وَهُوَ عَلَيۡهِمۡ عَمًىۚ أُوْلَٰٓئِكَ يُنَادَوۡنَ مِن مَّكَانِۭ بَعِيدࣲ ٤٤
Fussilat 41:44
سورة فصلت
Meccan
Verse: 44/54
Page 481
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Агар Қуръонро [ба забони] ғайриарабӣ нозил карда будем, кофирон мегуфтанд: «Чаро оёташ [арабӣ нест ва] ба равшанӣ баён нашудааст? Китобе ғаёриарабиву паёмбаре араб»? [Эй паёмбар, ба онон] Бигӯ: «Ин китоб барои муъминон мояи ҳидояту шифост ва онон, ки имон намеоваранд, дар гӯшҳояшон сангинӣ аст ва Қуръон барояшон номафҳум аст. [Гӯё] Ононро аз роҳи дур садо мезананд» -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
44. Ва агар ин Қуръонро (эй паёмбар) ба забони Аҷам (ғайри араб) мефиристодем, ҳароина, мушрикон мегуфтанд: «Чаро оёташ ба равшанӣ баён нашудааст то, ки онро бифаҳмем? Китобе бо забони Аҷам ва паёмбаре араб?» Бигӯ ба онҳо эй паёмбар: «Ин Қуръон барои онҳое, ки имон оварданд ҳидоят аз гумроҳӣ ва шифо аз шаку шубҳа аст. Ва касоне, ки имон намеоранд ин Қуръон вазнинии гӯшҳояшон ва кӯрии чашмонашон аст, пас ҳидоят намеёбанд. Ҳоли он мушрикон ба мисли онҳоест, ки онҳоро аз ҷои дур нидо мекунанд. (1)
1. Тафсири Табарӣ 21/482 -
Tajik - Tajik translation
Агар Қуръонро ба забони Аҷам мефиристодем, мегуфтанд: «Чаро оёташ ба равшанӣ баён нашудааст? Китобе ба забони Аҷам ва паёмбаре араб?» Бигӯ: «Ин китоб барои онҳо, ки имон оварданд, ҳидоят ва шифост ва онҳо, ки имон наоварданд, гӯшҳояшон сангин аст ва чашмонашон кӯр аст, чунонанд, ки гӯи онҳоро аз ҷое дур садо мекунанд.
Fussilat 41:44
Loading the recitation…
0:00