ذَٰلِكُم بِأَنَّهُۥٓ إِذَا دُعِيَ ٱللَّهُ وَحۡدَهُۥ كَفَرۡتُمۡ وَإِن يُشۡرَكۡ بِهِۦ تُؤۡمِنُواْۚ فَٱلۡحُكۡمُ لِلَّهِ ٱلۡعَلِيِّ ٱلۡكَبِيرِ ١٢
Ghafir 40:12
سورة غافر
Meccan
Verse: 12/85
Page 468
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
[Ба онон гуфта мешавад] «Ин [азоб] бад-он сабаб аст, ки чун Аллоҳ таоло ба яктоӣ хонда мешуд, инкор мекардед, вале агар ба Ӯ ширк оварда мешуд, имон меовардед. [Акнун] Доварӣ аз они Аллоҳи баландмартабаи бузург аст» -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
12. (Ба кофирон гуфта мешавад): Ин азоб ба он сабаб аст, ки чун Аллоҳро ба яктоӣ ва ихлоси амал мехонданд, шумо инкор мекардед ва агар барои Ӯ шарике қарор медоданд, шумо ба он шарик имон меовардед. Пас, фармон аз они Аллоҳ аст. (Ӯ ҳоким аст дар халқаш, одил аст, ки зулм намекунад, ҳидоят мекунад, касеро, ки мехоҳад ва гумроҳ мекунад касеро, ки мехоҳад ва касеро, ки хоҳад раҳм мекунад ва касеро, ки бихоҳад азоб медиҳад.) Нест маъбуди барҳақ ба ҷуз Ӯ, баландмартабаи бузург аст.(1)
1. Тафсири Ибни Касир 7\134 -
Tajik - Tajik translation
Ин азоб ба он сабаб аст, ки чун Худоро ба яктоӣ мехонданд, шумо инкор мекардед ва агар барои Ӯ шарике қарор медоданд, шумо ба он шарик имон меовардед. Пас фармон фармони Худои баландмартабаи бузург аст.
Ghafir 40:12
Loading the recitation…
0:00