هُوَ ٱلَّذِي يُرِيكُمۡ ءَايَٰتِهِۦ وَيُنَزِّلُ لَكُم مِّنَ ٱلسَّمَآءِ رِزۡقࣰاۚ وَمَا يَتَذَكَّرُ إِلَّا مَن يُنِيبُ ١٣
Ghafir 40:13
سورة غافر
Meccan
Verse: 13/85
Page 468
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Ӯст, ки нишонаҳои [тавон ва тадбири] худро ба шумо ироа медиҳад ва бароятон [бо нузули борон] аз осмон рӯзӣ мефиристад, вале танҳо касоне панд мегиранд, ки [холисона ба даргоҳи илоҳӣ] тавба кунанд -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
13. Ӯст, он ки нишонаҳои бузурги қудрати Хешро ба шумо (эй одамон) нишон медиҳад ва бароятон аз осмон ризқу рӯзӣ мефиристад. Танҳо касе панд мегирад, ки ба ягонагии Аллоҳ ва ибодати холис руҷӯъ мекунад.(1).
1. Яъне, рӯ ба сӯи Аллоҳ меоварад. Тафсири Табарӣ 21 \ 362 -
Tajik - Tajik translation
Ӯст, он ки оёти Худро ба шумо нишон дод ва бароятон аз осмон рӯзӣ фиристод. Танҳо касе панд мегирад, ки рӯй ба Худо оварад.
Ghafir 40:13
Loading the recitation…
0:00