وَأَنذِرۡهُمۡ يَوۡمَ ٱلۡأٓزِفَةِ إِذِ ٱلۡقُلُوبُ لَدَى ٱلۡحَنَاجِرِ كَٰظِمِينَۚ مَا لِلظَّٰلِمِينَ مِنۡ حَمِيمࣲ وَلَا شَفِيعࣲ يُطَاعُ ١٨
Ghafir 40:18
سورة غافر
Meccan
Verse: 18/85
Page 469
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Ба онон дар мавриди рӯзи қиёмат [ки бисёр наздик аст] ҳушдор бидеҳ, он гоҳ ки [аз шиддати ваҳшат] ҷонҳо ба гулӯгоҳ мерасад, дар ҳоле ки саршор аз андуҳ шудаанд. [Дар он рӯз] Ситамгарон на дӯсти меҳрубоне доранд ва на шафеъе, ки суханаш пазируфта шавад -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
18. Эй Расул, аз рӯзи наздик (қиёмат) онҳоро битарсон. Он гоҳ ки дилҳо лабрез
аз андӯҳ аз хавфи азоби қиёмат наздики гулӯҳо расад. Ситамкоронро дар он рӯз на хешованде бошад ва на шафоаткунандае, ки шафоаташ пазируфта шавад. -
Tajik - Tajik translation
Аз рӯзи қиёмат битарсонашон. Он гоҳ ки дилҳо лабрез аз андӯҳ наздики ҳанҷарҳо (гулӯҳо) расад. Ситамкоронро дар он рӯз на хешованде бошад ва на шафеъе, (пуштибон) ки суханашро бишнаванд.
Ghafir 40:18
Loading the recitation…
0:00