وَلِلَّهِ غَيۡبُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَإِلَيۡهِ يُرۡجَعُ ٱلۡأَمۡرُ كُلُّهُۥ فَٱعۡبُدۡهُ وَتَوَكَّلۡ عَلَيۡهِۚ وَمَا رَبُّكَ بِغَٰفِلٍ عَمَّا تَعۡمَلُونَ ١٢٣
Hood 11:123
سورة هود
Meccan
Verse: 123/123
Page 235
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Ва [огоҳӣ аз] ғайби осмонҳо ва замин, аз они Аллоҳ таоло аст ва ҳамаи корҳо ба сӯйи ӯ бозгардонда мешавад. Пас, Ӯро бипараст ва бар Ӯ таваккал кун ва Парвардигорат аз он чи мекунед,[ҳаргиз] ғофил нест -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
123. Ва аз они Аллоҳ аст илми ғайби(1) осмонҳову замин ва ба сӯи Ӯ ҳамаи корҳо бозгардонда мешавад рӯзи қиёмат. (Эй Паёмбар) Ӯро бипараст ва бар Ӯ таваккал кун, ки Парвардигори ту аз он чӣ ба ҷой меоваред (аз амалҳои неку бадатон, ки мувофиқи он шуморо ҷазо медиҳад), ғофил нест!(2)
1. Яъне, илми он чизе, ки аз мардум пинҳон аст. 2. Тафсири Саъдӣ 1\392 -
Tajik - Tajik translation
Ва аз они Худост ниҳони осмонҳову замин ва ба Ӯ бозгардонда мешавад ҳамаи корҳо. Ӯро бипараст ва бар Ӯ таваккал кун, ки Парвардирорат аз он чӣ ба ҷой меоваред, ғофил нест!
Hood 11:123
Loading the recitation…
0:00