Ibrahim 14:9

سورة إبراهيم

Meccan Verse: 9/52 Page 256

أَلَمۡ يَأۡتِكُمۡ نَبَؤُاْ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِكُمۡ قَوۡمِ نُوحࣲ وَعَادࣲ وَثَمُودَ وَٱلَّذِينَ مِنۢ بَعۡدِهِمۡ لَا يَعۡلَمُهُمۡ إِلَّا ٱللَّهُۚ جَآءَتۡهُمۡ رُسُلُهُم بِٱلۡبَيِّنَٰتِ فَرَدُّوٓاْ أَيۡدِيَهُمۡ فِيٓ أَفۡوَٰهِهِمۡ وَقَالُوٓاْ إِنَّا كَفَرۡنَا بِمَآ أُرۡسِلۡتُم بِهِۦ وَإِنَّا لَفِي شَكࣲّ مِّمَّا تَدۡعُونَنَآ إِلَيۡهِ مُرِيبࣲ ٩

  1. Arifi

    الترجمة الطاجيكية - عارفي

    [Эй кофирон] Оё хабари [ҳалокати] касоне, ки пеш аз шумо буданд, [монанди] қавми Нуҳ ва Од ва Самуд ва [низ] онон, ки баъд аз эшон буданд [ва] ҷуз Аллоҳ таоло касе аз онон хабар надорад, ба шумо нарасидааст? Паёмбаронашон бо далоил [-у муъҷизот]-и равшан ба сӯяшон омаданд, вале онон [ба нишонаи мухолифат] дастҳояшонро бар даҳонҳояшон ниҳоданд ва [ангушт ба дандон газиданду] гуфтанд: «Мо он чиро, ки шумо барои [иблоғи] он фиристода шудаед, инкор мекунем ва дар бораи он чи моро ба сӯяш мехонед, сахт дар тардидем»
  2. Тоҷикӣ translation

    الترجمة الطاجيكية

    9.     Эй уммати Муҳаммад, оё ба шумо нарасидааст хабари касоне, ки пеш аз шумо будаанд, чун қавми Нӯҳ ва Од ва Самуд ва низ касоне, ки баъд аз онҳо будаанд? Ҷуз Аллоҳ касеро аз онон огоҳӣ нест. Паёмбаронашон ҳамроҳ бо далелҳои равшан омаданд ва онҳо даст бар даҳон бурданду аз ниҳояти тааҷҷуб ва инкор ангуштони худро газиданд, гуфтанд:
    «Мо ба он чӣ ба он амр шудаед, имон намеоварем ва дар чизе, ки моро ба он мехонед, сахт дар шубҳа ҳастем».(1)
    1. Тафсири Бағавӣ 4\338
  3. Tajik - Tajik translation


    Оё хабари касоне, ки пеш аз шумо будаанд, чун қавми Нӯҳ ва Од ва Самуд ва низ касоне, ки баъд аз онҳо будаанд, ба шумо нарасидааст? Ғайри Худо касеро аз онон огоҳӣ нест. Паёмбаронашон ҳамроҳ бо далоили равшан омаданд ва онҳо даст бар даҳон бурданду гуфтанд: Мо ба он чӣ ба он амр шудаед, имон намеоварем ва дар чизе, ки моро ба он мехонед, сахт дар шубҳа ҳастем».

Read the whole surah Arabic tafsir