Saba' 34:14

سورة سبأ

Meccan Verse: 14/54 Page 429

فَلَمَّا قَضَيۡنَا عَلَيۡهِ ٱلۡمَوۡتَ مَا دَلَّهُمۡ عَلَىٰ مَوۡتِهِۦٓ إِلَّا دَآبَّةُ ٱلۡأَرۡضِ تَأۡكُلُ مِنسَأَتَهُۥۖ فَلَمَّا خَرَّ تَبَيَّنَتِ ٱلۡجِنُّ أَن لَّوۡ كَانُواْ يَعۡلَمُونَ ٱلۡغَيۡبَ مَا لَبِثُواْ فِي ٱلۡعَذَابِ ٱلۡمُهِينِ ١٤

  1. Arifi

    الترجمة الطاجيكية - عارفي

    Пас, чун маргро бар Сулаймон муқаррар доштем, [ҳеҷ кас] ононро аз маргаш огоҳ насохт, магар мӯриёна [кирмак]-е, ки асояшро хӯрд. Пас, чун [пайкари Сулаймон] фурӯ афтод, ҷинниён дарёфтанд, ки агар аз ғайб огоҳ буданд, ҳаргиз дар он азоби сангин [ва кори тоқатфарсо] боқӣ намемонданд
  2. Тоҷикӣ translation

    الترجمة الطاجيكية

    14.   Чун маргро бар ӯ (Сулаймон) муқаррар кардем, ҷинҳоро бар маргаш огоҳ насохт, магар кирми чӯбхорае, ки асояшро мехоид аз байн рафт ва шикаст. Пас, вақте ки Сулаймон биафтид, ҷинҳо фаҳмиданд, ки агар илми ғайбро медонистанд, ин қадар худро дар азоби хоркунанда намемонданд.(1)
    1. Ин ояти карима ботил месозад даъвои касонеро, ки мегӯянд ҷинҳо илми ғайбро медонанд, агар онҳо илми ғайбро медонистанд, вафоти Сулаймон алайҳис саломро пайбурда ва худро азоб намедоданд.Тафсири Бағавӣ 6\392
  3. Tajik - Tajik translation


    Чун ҳукми маргро бар ӯ рондем, ҳашарае аз ҳашароти замин мардумро бар маргаш огоҳ кард, асояшро (як сол) хоид. Чун фурӯ афтод, дегҳо дарёфтанд, ки агар илми ғайб медонистанд, дар он азоби хоркунанда намемонданд.

Read the whole surah Arabic tafsir