وَإِذَآ أَذَقۡنَا ٱلنَّاسَ رَحۡمَةࣰ مِّنۢ بَعۡدِ ضَرَّآءَ مَسَّتۡهُمۡ إِذَا لَهُم مَّكۡرࣱ فِيٓ ءَايَاتِنَاۚ قُلِ ٱللَّهُ أَسۡرَعُ مَكۡرًاۚ إِنَّ رُسُلَنَا يَكۡتُبُونَ مَا تَمۡكُرُونَ ٢١
Yunus 10:21
سورة يونس
Meccan
Verse: 21/109
Page 211
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Ва ҳангоме ки ба мардум пас аз [зиён ва] ранҷе, ки ба онон расидааст, [неъмату] раҳмате бичашонем, он гоҳ дар оёти Мо [тамасхуру] найранг мекунанд. Бигӯ: «Аллоҳ таоло дар найранг задан сареътар аст». Бе тардид, фиристодагон [фариштагон]-и Мо ҳарчи найранг мекунед, менависанд -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
21. Ва ҳар гоҳ пас аз зараре (қаҳтӣ), ки ба мардуми мушрик расидааст, раҳмате(1) ба онҳо бичашонем, бинӣ, ки дар оёти Мо бадандешӣ (тамасхур) мекунанд, бигӯ эй Паёмбар барои инҳо мушрикон: «Тадбири Аллоҳ зудтар аст». Расулони Мо (малоикаҳо) низ бадандешиҳои шуморо менависанд.(2)
1. Осонӣ, кушоиш ва осудаҳолӣ. 2. Тафсири Табарӣ 15/50 -
Tajik - Tajik translation
Ҳар гоҳ пас аз зараре, ки ба мардум расидааст, раҳмате ба онҳо бичашонем, бинӣ, ки дар оёти Мо бадандешӣ мекунанд, бигӯ: «Макри Худо зудтар аст». Расулони Мо низ бадандешиҳои шуморо менависанд.
Yunus 10:21
Loading the recitation…
0:00