يُوسُفُ أَيُّهَا ٱلصِّدِّيقُ أَفۡتِنَا فِي سَبۡعِ بَقَرَٰتࣲ سِمَانࣲ يَأۡكُلُهُنَّ سَبۡعٌ عِجَافࣱ وَسَبۡعِ سُنۢبُلَٰتٍ خُضۡرࣲ وَأُخَرَ يَابِسَٰتࣲ لَّعَلِّيٓ أَرۡجِعُ إِلَى ٱلنَّاسِ لَعَلَّهُمۡ يَعۡلَمُونَ ٤٦
Yusuf 12:46
سورة يوسف
Meccan
Verse: 46/111
Page 241
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
[Ӯ ба зиндон рафт ва гуфт] «Юсуф, эй марди ростгӯ, дар бораи ин хоб изҳори назар кун, ки ҳафт гови фарбеҳро ҳафт гови лоғар мехӯрданд ва ҳафт хӯшаи сабз ва [ҳафт хӯшаи] хушкидаи дигар бароямон таъбир кун, то назди мардум баргардам, шояд онҳо [таъбири ин хоб ва тавоноиҳои туро] бидонанд -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
46. Эй Юсуф, эй марди бисёр ростгӯй дар гуфтор ва росткор дар кирдор, барои мо таъбир кун, ки ҳафт гови фарбеҳро ҳафт гови лоғар мехӯранд ва ҳафт хӯшаи сабзу ҳафт хӯшаи хушк. Бошад, ки ман назди мардум бозгардам ва онон аз таъбири ин хоб огоҳ гарданд».(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\399 -
Tajik - Tajik translation
«Эй Юсуф, эй марди ростгӯй, барои мо таъбир кун, ки ҳафт гови фарбеҳро ҳафт гови лоғар мехӯранд ва ҳафт хушаи сабзу ҳафт хушаи хушк. Бошад, ки ман назди мардум бозгардам ва онон огоҳ гарданд».
Yusuf 12:46
Loading the recitation…
0:00