قَالَ مَا خَطۡبُكُنَّ إِذۡ رَٰوَدتُّنَّ يُوسُفَ عَن نَّفۡسِهِۦۚ قُلۡنَ حَٰشَ لِلَّهِ مَا عَلِمۡنَا عَلَيۡهِ مِن سُوٓءࣲۚ قَالَتِ ٱمۡرَأَتُ ٱلۡعَزِيزِ ٱلۡـَٰٔنَ حَصۡحَصَ ٱلۡحَقُّ أَنَا۠ رَٰوَدتُّهُۥ عَن نَّفۡسِهِۦ وَإِنَّهُۥ لَمِنَ ٱلصَّٰدِقِينَ ٥١
Yusuf 12:51
سورة يوسف
Meccan
Verse: 51/111
Page 241
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
[Подшоҳ он занонро хост ва] Гуфт: «Ҳангоме ки Юсуфро ба сӯйи хеш даъват кардед, ҷараёни коратон чи буд»? Гуфтанд: «Паноҳ бар Аллоҳ таоло! Мо ҳеҷ гуноҳе дар ӯ суроғ надорем». [Дар ин ҳангом] Ҳамсари Азиз гуфт: «Акнун ҳақ ошкор шуд, ман [будам, ки] аз вай комҷӯӣ кардам [ва ӯ покдоманӣ варзид] ва яқинан, ростгӯст -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
51. (Подшоҳ) гуфт: «Эй занон, чӣ гуна буд ин кори шумо, ки Юсуфро ба назди худ хондед, ӯ хоҳиши нафси шумо кард ё шумо хоҳиши нафси ӯ кардед?» Гуфтанд: «Маъозаллоҳ (паноҳ бар Аллоҳ)! Надидем аз ӯ ҳеҷ хиёнате, вале зани Азиз ба мо хабар дод, ки ӯ Юсуфро ба худ хондааст». Зани Азиз иқрор шуда гуфт: «Акнун ҳақ ошкор шуд. Ман хостам Юсуфро, вале ӯ худро аз ин амал боз дошт, албатта, ӯ дар зумраи ростгӯён аст дар суханоне, ки мегӯяд!»(1)
1. Тафсири Табарӣ 16\139 -
Tajik - Tajik translation
Гуфт: «Эй занон, он гоҳ ки хостори тани Юсуф мебудед, ҳикояти шумо чӣ буд?» Гуфтанд: «Паноҳ бар Худо! Ӯро ҳеҷ гунаҳкор намедонем». Зани Азиз гуфт: «Акнун ҳақ ошкор шуд. Ман дар паи комҷӯӣ аз ӯ мебудам ва ӯ дар зумраи ростгӯён аст!»
Yusuf 12:51
Loading the recitation…
0:00