وَكَذَٰلِكَ يَجۡتَبِيكَ رَبُّكَ وَيُعَلِّمُكَ مِن تَأۡوِيلِ ٱلۡأَحَادِيثِ وَيُتِمُّ نِعۡمَتَهُۥ عَلَيۡكَ وَعَلَىٰٓ ءَالِ يَعۡقُوبَ كَمَآ أَتَمَّهَا عَلَىٰٓ أَبَوَيۡكَ مِن قَبۡلُ إِبۡرَٰهِيمَ وَإِسۡحَٰقَۚ إِنَّ رَبَّكَ عَلِيمٌ حَكِيمࣱ ٦
Yusuf 12:6
سورة يوسف
Meccan
Verse: 6/111
Page 236
-
Arifi
الترجمة الطاجيكية - عارفي
Парвардигорат туро ин гуна бармегузинад ва ба ту [илми] таъбири хобҳоро меомӯзад ва неъматашро бар ту ва бар хонадони Яъқуб тамом мегардонад, чунон ки пеш аз ин [низ] бар аҷдодат – Иброҳим ва Исҳоқ тамом кард. Бе тардид, Парвардигорат донову ҳаким аст» -
Тоҷикӣ translation
الترجمة الطاجيكية
6. Ва он чунон ки дар хоб ба ту намуд, Парвардигорат туро ихтиёр мекунад ва таъбири хобро ба ту таълим медиҳад ва ҳамчунон, ки неъмати худро пеш аз ин бар падарони ту Иброҳиму Исҳоқ пурра карда буд, бар туву хонадони Яъқуб ҳам пурра мекунад, ки Парвардигорат доно аст, ҳар киро бихоҳад аз бандагонаш ихтиёр мекунад ва ҳаким аст дар ҷо ба ҷойгузории корҳои махлуқоташ!»(1)
1. Тафсири Табарӣ 15\561 -
Tajik - Tajik translation
Ва инчунин Парвардигорат туро бармегузинад ва таъбири хоб меомӯзад ва ҳамчунон, ки неъмати худро пеш аз ин бар падарони ту Иброҳиму Исҳоқ комил карда буд, бар туву хонадони Яъқуб ҳам комил мекунад, ки Парвардигорат донову ҳаким аст!»
Yusuf 12:6
Loading the recitation…
0:00