Ҷуз ин нест, ки сухани пинҳоне [ки муҷиби гуноҳ ва душманӣ мегардад] аз сӯи шайтон аст, то касонеро, ки имон овардаанд, [бо онҳо гирифтор кунад ва дар натиҷа] андӯҳгин созад ва [ҳол он ки ӯ] ҷуз ба фармони Аллоҳ таоло наметавонад ҳеҷ зараре ба онон бирасонад; пас, муъминон бояд бар Аллоҳ таоло таваккал кунанд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
10. Ҳароина наҷво (роз гуфтани бад), аз васвасаи шайтон аст(1), ки мехоҳад мӯьминонро ғамгин кунад ва ҳол он ки ҳеҷ зиёне ҷуз ба фармону хоҳиши Аллоҳ ба онҳо намерасонад. Ва мӯъминон бояд, ки бар Аллоҳи ягона таваккал кунанд!
____________________
1. Яъне, онро зиннат медиҳад ва бармеангезад.
____________________
1. Яъне, онро зиннат медиҳад ва бармеангезад.
الترجمة الطاجيكية
إِنَّمَا ٱلنَّجۡوَىٰ مِنَ ٱلشَّيۡطَٰنِ لِيَحۡزُنَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَلَيۡسَ بِضَآرِّهِمۡ شَيۡـًٔا إِلَّا بِإِذۡنِ ٱللَّهِۚ وَعَلَى ٱللَّهِ فَلۡيَتَوَكَّلِ ٱلۡمُؤۡمِنُونَ
Ҳар оина (албатта) наҷво кардан кори шайтон аст, ки мехоҳад мӯъминонро ғамгин кунад ва ҳол он ки ҳеҷ зиёне ҷуз ба фармони худованд ба онҳо намерасонад, Ва мӯъминон бояд, ки бар Худо таваккал кунанд!
Tajik - Tajik translation