Оё мунофиқонро надидӣ, ки пайваста ба бародарони аҳли китобашон, ки куфр варзидаанд, мегӯянд: «Агар шуморо [аз сарзаминатон] берун кунанд, мо [низ] бо шумо берун хоҳем омад ва ҳаргиз [сухани] касеро дар мавриди шумо итоат нахоҳем кард ва агар бо шумо ҷанг шавад, албатта ёритон хоҳем кард?». Аллоҳ таоло гувоҳӣ медиҳад, ки онҳо дурӯғгӯ ҳастанд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
11. Оё мунофиқонро надидаӣ, ки ба бародарони аҳли китобашон, аз бани Назир, ки куфр варзидаанд, мегуфтанд: «Агар шуморо Муҳаммад ва асҳобаш аз манзилҳоятон бадарға кунанд, мо низ бо шумо берун меоем ва ҳаргиз сухани касеро дар мавриди шумо итоъат нахоҳем кард ва агар бо шумо ҷангиданд, ҳатман, ёриатон мекунем». Ва ҳол он ки Аллоҳ гувоҳӣ медиҳад, ки ҳароина, мунофиқон дурӯғгӯ ҳастанд дар он чи ки ба яҳудиёни бани Назир ваъда додаанд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 8\80
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 8\80
الترجمة الطاجيكية
۞أَلَمۡ تَرَ إِلَى ٱلَّذِينَ نَافَقُواْ يَقُولُونَ لِإِخۡوَٰنِهِمُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ مِنۡ أَهۡلِ ٱلۡكِتَٰبِ لَئِنۡ أُخۡرِجۡتُمۡ لَنَخۡرُجَنَّ مَعَكُمۡ وَلَا نُطِيعُ فِيكُمۡ أَحَدًا أَبَدٗا وَإِن قُوتِلۡتُمۡ لَنَنصُرَنَّكُمۡ وَٱللَّهُ يَشۡهَدُ إِنَّهُمۡ لَكَٰذِبُونَ
Оё мунофиқонро надидаӣ, ки ба ёрони худ аз аҳли китоб, ки кофир буданд, мегуфтанд: «Агар шуморо бадарға кунанд, мо низ бо шумо берун меоем ва ба зиёни шумо ба ҳеҷ кас итоъат нахоҳем кард ва агар бо шумо ҷангиданд, ёриатон мекунем». Ва ҳол он ки Худо медонад, ки дурӯғ мегӯянд.
Tajik - Tajik translation