Ва он чи Аллоҳ таоло аз [амволи] аҳли ободиҳо ба паёмбараш бозгардонида [ва бахшида] аст, аз они Аллоҳ таоло ва расул ва хешовандони ӯ ва ятимон ва бенавоён ва дарроҳмондагон аст. То [ин амвол] дар миёни сарватмандони шумо даст ба даст нашавад; ва он чи ки расулуллоҳ ба шумо дод, бигиред ва аз он чи ки шуморо аз он наҳй кард, даст бардоред ва аз Аллоҳ таоло парво кунед, ки Аллоҳ таоло сахткайфар аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
7. Он ғанимате, ки Аллоҳ аз молҳои мушрикони мардуми деҳаҳо бе ранҷу заҳмат насиби паёмбараш кардааст, пас он молҳо
аз они Аллоҳ аст ва аз они паёмбар ва аз они хешовандони паёмбар ва низ барои ятимон ва мискинону мусофирони дар роҳ мондааст, то миёни тавонгаронатон даст ба даст нашавад. Ҳар чӣ паёмбар ба шумо дод, онро бигиред ва аз ҳар чӣ шуморо манъ кард, аз он бозистед. Ва аз Аллоҳ бо ба ҷо овардани амрҳояш ва дур будан аз манъкардаҳояш битарсед, ки ҳароина, Аллоҳ азоби сахте дорад барои онон, ки Ӯро нофармонбардорӣ кардаанд ва дар амру наҳйи Ӯ зид баромадаанд!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\280 Асли ин оят далолат бар он мекунад, ки амал кардан ба суннат дар гуфтор ё кирдор ё эътиқод аз воҷиботи суннат аст.

الترجمة الطاجيكية
مَّآ أَفَآءَ ٱللَّهُ عَلَىٰ رَسُولِهِۦ مِنۡ أَهۡلِ ٱلۡقُرَىٰ فَلِلَّهِ وَلِلرَّسُولِ وَلِذِي ٱلۡقُرۡبَىٰ وَٱلۡيَتَٰمَىٰ وَٱلۡمَسَٰكِينِ وَٱبۡنِ ٱلسَّبِيلِ كَيۡ لَا يَكُونَ دُولَةَۢ بَيۡنَ ٱلۡأَغۡنِيَآءِ مِنكُمۡۚ وَمَآ ءَاتَىٰكُمُ ٱلرَّسُولُ فَخُذُوهُ وَمَا نَهَىٰكُمۡ عَنۡهُ فَٱنتَهُواْۚ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَۖ إِنَّ ٱللَّهَ شَدِيدُ ٱلۡعِقَابِ
Он ғанимате, ки Худо аз мардуми деҳаҳо насиби паёмбараш кардааст, аз они Худост ва паёмбар ва хешовандону ятимон ва мискинону мусофирони дар роҳ монда, то миёни тавонгаронатон даст ба даст нашавад. Ҳар чӣ паёмбар ба шумо дод, биситонед ва аз ҳар чӣ шуморо манъ кард, парҳез кунед. Ва аз Худо битарсед, ки Худо сахтуқубат аст!
Tajik - Tajik translation